Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Кобулро боаҳамият хонд


Дар ҷараёни боздиди дурӯзаи худ аз Кобул Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дидор ва гуфтугӯ кард. Дар поёни ин мулоқот ҳайатҳои ҳар ду ҷониб 6 санади ҳамкорӣ имзо карданд. Ин санадҳо густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиро дар бар мегирад. Дар поёни мулоқот бо Ҳомид Карзай дар як нишасти хабарӣ дар Кобул раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ҳадаф аз сафари вай тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар ва минтақа аст. Ҳомид Карзай боздиди оқои Раҳмонро аз Кобул боаҳамият хонд ва гуфт, ки кишварҳо метавонанд ҳамкориҳои худро дар заминаҳои мухталиф идома диҳанд. Дар таркиби ин ҳайат Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷа, Гул Шералӣ-вазири энержӣ ва саноат, Фаррух Ҳамралиев-вазири иқтисод ва Олим Бобоев-вазири алоқа ва нақлиёти Тоҷикистон ҳастанд. Қарор аст дар ҷараёни ин боздид оқои Раҳмон ҳамчунин бо Бурҳониддин Раббонӣ- раиси Шӯрои Олии сулҳи Афғонистон ва раиси ҷумҳури пешин ва ҳамчунин бо Юнус Қонунӣ-раиси Маҷлиси поёнии порламони Афғонистон ё вулусиҷирга мулоқот анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG