Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар маъбади сӯфиёни Покистон 6 нафар кушта шуд


Бино ба гузоришҳои расида аз Покистон, дар натиҷаи инфиҷоре дар маъбади сӯфиён дар аёлати Панҷоби Покистон дастикам 6 нафар кушта, чандин нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин ҳодиса дар маъбади Фарид Шакар Ғанӣ дар Пак Патин рух додааст. Ба эҳтимоли зиёд ин бам дар мототсикле кор гузошта шуда будааст, ки дар назди маъбад гузоштаанд. Бино ба хабарҳо, ин ибодатгоҳ ба қарни 12 тааллуқ доштааст.
XS
SM
MD
LG