Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон ва Тоҷикистон 6 санади ҳамкорӣ имзо карданд


Дар ҷараёни боздиди дурӯзаи худ аз Кобул Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дидор ва гуфтугӯ кард. Дар поёни ин мулоқот ҳайатҳои ҳар ду ҷониб 6 санади ҳамкорӣ имзо карданд. Ин санадҳо густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиро дар бар мегирад. Дар таркиби ин ҳайат Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷа, Гул Шералӣ-вазири энержӣ ва саноат, Фаррух Ҳамралиев-вазири иқтисод ва Олим Бобоев-вазири алоқа ва нақлиёти Тоҷикистон ҳастанд. Қарор аст дар ҷараёни ин боздид оқои Раҳмон ҳамчунин бо Бурҳониддин Раббонӣ- раиси Шӯрои Олии сулҳи Афғонистон ва раиси ҷумҳури пешин ва ҳамчунин бо Юнус Қонунӣ-раиси Маҷлиси поёнии порламони Афғонистон ё вулусиҷирга мулоқот анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG