Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таътили тирамоҳиву баҳории мактабҳо аз байн рафт


Бино ба хабари расонаҳои гурӯҳии маҳаллӣ, Абдуҷаббор Раҳмонов-вазири маорифи Тоҷикистон дастур додааст, ки таътили тирамоҳӣ ва баҳорӣ дар мактабҳои ин кишвар аз миён бардошта шавад. Таътили тирамоҳӣ аз 24-ӯми октябр то 1-ӯми ноябр ва таътили баҳорӣ аз 24-ӯми март то 1-ӯми апрел давом мекард. Акнун тибқи дастури вазир ин рӯзҳои таътил ба таътили зимистона ҳамроҳ мешавад ва он аз 1 то 31-ӯми январ давом мекунад. Вазири маориф гуфтааст, сабаб ин будааст, ки дар зимистон муаллимон ба давраҳои омӯзишии такмили ихтисос ҷалб мешаванд ва шогирдони мактабҳо дар олимпиадаҳои мактабӣ ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG