Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, пас аз дидор ва гуфтугӯ бо Ҳомиди Карзай, президенти Афғонистон дар як нишасти матбуотӣ хабари қаблан нашршуда дар бораи вуруди як гурӯҳи мусаллаҳи 400-нафарӣ ба хоки Тоҷикистонро рад кард ва гуфт, ин хабар муҳоботи расонаҳои хориҷист ва ҳеҷ воқеият надорад.

Ӯ гуфт, вазъи нигаҳбонии марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон аз солҳои қабл ба куллӣ фарқ мекунад ва убури гурӯҳҳои бузурги ифротгаро ғайриимкон аст.

Президенти Тоҷикистон бо ишора ба нооромиҳои ахир дар водии Рашт гуфт, нерӯҳои давлатӣ дар ин минтақа бо гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ даргир шуданд, ки дар натиҷаи он иддае аз онҳоро кушта ва бархеҳоро дастгир намуданд. Вале онҳо шаҳрвандони кишварҳои собиқ Шӯравиянд, на Афғонистон, афзуд ӯ.

Ҳамзамон ҷаноби Раҳмон таъкид кард, ки таҳдиди баъзе гурӯҳҳои ифротгаро дар марз аз марзбонон ва мақомоти амниятии ҳарду ҷониб масъулият ва ҳамкориҳои бештарро талаб мекунад.

Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо гузашти як моҳ дар мавриди ҳаводиси шарқи Тоҷикистон изҳори назар мекард гуфт: «Баъзе хабаргузориҳо иттилоъ доданд, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон 400 толиб гузаштааст, баъзеи дигар ин рақамро 150 гуфтанд. Ин аз ҳад зиёд ва аз берун гуфта шуд. Ин рақамҳои подарҳавое ҳастанд, ки аз воқеият дуранд. Воқеаҳое, ки дар Тоҷикистон мегузаранд, таҳти назорат ҳастанд. Баъзе ҷангиён нобуд шуданд, қисми зиёд асир афтоданд. Дар байни онҳо шаҳрвандони кишварҳои собиқ Шӯравӣ ҳастанд, на Афғонистон. Шаҳрвандони худи Тоҷикистон ҳастанд. Аз кишварҳои дигар ҳастанд».



Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин илова кард, ки Афғонистон ва Тоҷикистон дар сарҳадоти худ мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро ташдид бахшидаанд ва мубориза бо терроризм ҳам бояд ба сурати муштарак ба пеш бурда шавад.

Ҷаноби Раҳмон афзуд: «Авзои амният ва суботи Осиёи Миёна вобаста ба вазъият ва оромии Афғонистон аст. Мо ҳама бояд ба Афғонистон кӯмак кунем. Ҳеҷ кишвари абарқудрат ба танҳоӣ наметавонад дар муқобили терроризм муқобила кунад».

Ваъдаи кумаки Карзай

Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон бо ишора ба таҳаввулоти ахир дар минтақаи Рашти Тоҷикистон гуфт, дар мавриди мубориза бо терроризм бо президент Раҳмон мувофиқ аст ва барои эътидоли вазъ дар кишвари ҳамсоя кумаку пуштибониро дареғ нахоҳад дошт:

«Аз рӯзе, ки дар хоки бародари мо — Тоҷикистон ҳаводисе рух дод, мо фавран, тақрибан ҳамонрӯза мо бо бародарони худ дар тамос шудем. Байни ду кишвар сафарҳое ҳам сурат гирифтанд. Имрӯз ҳам сӯҳбат кардем. Иншоаллоҳи таоло, аз ҷониби мо ҳар ҳамкорӣ ва ҳар бародарие, ки сохта бошад, мекунем, зеро амнияти минтақа ва Тоҷикистону Афғонистон манфиати аввалии мардуми мост. Дар ин росто равобити мо васеъ аст ва тафоҳуми мо аниқ аст».

Зимни сафараш ба Афғонистон раисҷумҳури Тоҷикистон бо Юнуси Қонунӣ, раиси парлумон ва низ Бурҳонуддин Раббонӣ, собиқ раисҷумҳур ва раиси Шӯрои сулҳи Афғонистон мулоқот хоҳад кард.

Имзои шаш санади ҳамкорӣ

Ба думболи дидору гуфтугӯи мақомоти ҳарду кишвар чанд санади муҳим, аз ҷумла "Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба; Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои инкишоф ва идоракунии манбаъҳои об дар дарёи Панҷ Ому; Созишнома миёни ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба тиҷорати транзитӣ; Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Вазорати энержӣ ва оби Афғонистон; Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ; Ёддошти тафоҳум миёни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи миллии стандартиба имзо расиданд.


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, сафари ҳамтои тоҷики худ ба Афғонистонро боаҳамият хонд ва гуфт, ки ду кишвар метавонанд ҳамкориҳои худро дар заминаҳои мухталиф идома диҳанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз дар раъси як ҳайати баландпояи давлатӣ, вориди Кобул, пойтахти Афғонистон шуд.

Интизор меравад, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон тайи сафари худ бо Юнус Қонунӣ, раиси парлумони Афғонистон ва Бурҳониддин Раббонӣ, раиси собиқи давлати исломии Афғонистон, ки сарпарастии Шӯрои олии сулҳи Афғонистонро низ ба ӯҳда дорад, дидору гуфтугӯҳо анҷом диҳад.

Нақши Тоҷикистон дар суботи Афғонистон

Муносиботи Тоҷикистон ва Афғонистон аз соли 2001, ба думболи суқути Толибон ба марҳилаи тозае ворид шуд ва танҳо дар ҳамон сол Тоҷикистон ба кушодани сафорати худ дар Кобул иқдом кард.

Мақомоти Афғонистон, Тоҷикистонро аз ҳамсояҳои саҳмдор дар сулҳу субот ва рушди иқтисодии Афғонистон ном мебаранд.

Залмай Расул, вазири хориҷаи Афғонистон тайи сафари худ дар ду ҳафтаи қабл ба Душанбе, бо ишора ба ноамниҳои ахир ва хатари афзояндаи созмонҳои террористӣ дар минтақа гуфта буд, ки ин мушкили танҳо як ду кишвар нест, балки бояд бо мушорикати самимонаи кишварҳои минтақа рафъ шавад.

Афзоиши чашмраси гардиши мол

Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Кобул гуфт, ҳаҷми гардиши моли миёни ду кишвар тайи панҷ соли ахир 20 маротиба афзуда, 5 пул миёни ду кишвар сохта шудааст ва ду пули дигар ба миён хоҳад омад.

Тибқи иттилоъи расмӣ, ҳоло ҳудуди 25 дарсади содироту воридоти Тоҷикистон тариқи Афғонистон сурат мегирад ва 66 дарсади воридоташ ба ИДМ рост меояд. Ин рақам дар соли 2005 85 дарсад будааст. Тоҷикистон аз Афғонистон умдатан атриёту масолеҳи нассоҷӣ ворид мекунад, вале аз қаламрави ин кишвар аз Покистон масолеҳи сохтмонӣ, меваҳои ситрусӣ, сабзавот ва аз Ҳиндустон дорувориву дигар масолеҳи саноати сабукро ворид мекунад.

Коршиносон мегӯянд, дар асл ҳоло Афғонистон на фақат аз лиҳози амниятӣ муҳим шудааст, балки аз лиҳози иқтисодӣ аҳамиятеро пайдо мекунад, ки дар қабл Ӯзбакистон дошт.

Ниёзи мутақобили ду ҷониб

Давлатмурод Ҷумъаев, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, тарҳҳои барои Тоҷикистон сарнавиштсоз, аз қабили энержӣ ва нақлиётӣ рӯз то рӯз нақши ҳарду кишварро дар баробари якдигар боло мебаранд. Вай афзуд:

«Як вақт роҳ бо Чинро, ки барои интиқоли молу коло муҳим аст, стратегӣ унвон мекардем, ҳоло раҳоӣ аз бунбасти нақлиётӣ ва рушди тиҷорат аҳамияти Афғонистонро стратегӣ мекунад. Маҳз тариқи ин кишвар ба Осиёи Ҷанубӣ ва мустақим ба Туркманистону Эрон мешавад берун рафт, то аз таҳримҳои интиқолии Ӯзбакистон раҳо ёбем».

Роҳи оҳани Тоҷикистон — Афғонистон — Эрон яке дигар аз пружаҳои муҳим барои Тоҷикистон ба хотири раҳоӣ аз бунбасти нақлиётӣ маҳсуб мешавад.

Тибқи иттилоъи расмӣ, дар ҳоли ҳозир тарҳи интиқоли барқи нерӯгоҳи Сангтӯда 1 ба хати барқи Шерхон-Бандар — Қундуз - Пули Хумрӣ - Кобул мавзӯи асосии музокироти ду кишвар аст. Тарҳи дигар CASA 1000 аст, ки бояд 1300 мегават барқ ба ҷануб, 1000 мегават ба Покистон ва 300 мегават ба Афғонистон. Тарҳи саввум интиқоли барқ ба вилоятҳои ҳаммарзи Тоҷикистон — Қундуз, Тахор ва Бадахшон аст, ки сармоягузориашро Бунёди Оғохон анҷом медиҳад. Дар масъалаи об тарҳи «Омуи Улё» аст, ки тақсими барқу об дар Бадахшонҳои ду кишварро дар назар дорад. Дар мавриди интиқоли гази Туркманистон ба Тоҷикистон ҳам миёни ду кишвар тарҳи дигаре баррасӣ мешавад.

Коршиносон мегӯянд, тарҳҳои зиёде миёни ду кишвар вуҷуд доранд, ки манофеъи бархе аз қудратҳоро таҳти хатар мегузорад ва роҳандозии ноамниҳо дар минтақа як зарра дар зимн ин норизоиятиҳоро нуҳуфтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG