Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости Амрико аз Карзай дар робита ба ширкатҳои амниятӣ


Ҳилари Клинтон, вазири умури хориҷаи ИМА аз Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон хост то ҳукуматашро барои манъи тасмими мамнӯъ кардани фаъолияти ширкатҳои амниятии хусусӣ ташвиқ кунад.

Вай гуфтааст, ки ИМА ва Афғонистон ба ивази мамнӯъият бар ширкатҳои амниятии хусусӣ, ба таври тадриҷӣ як барномаи муштараки дутарафаро инкишоф диҳанд.

Латма дар кори барномаҳои бозсозӣ

Гуфта мешавад, ки бо манъи фаъолияти ширкатҳои амниятӣ, эҳтимолан лоиҳаҳои инкишоф, ба арзиши миллардҳо доллар дар Афғонистон мутаваққиф шавад.

Филип Кровлей, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико гуфтааст, хонум Клинтон дар як тамоси телефонӣ аз Карзай хост то мавқеъи худро дар иртибот ба тасмими ҳукумати Афғонистон барои мамнӯъ сохтани фаъолияти ширкатҳои амниятии хусусӣ, рушан кунад.

Қарор аст ин ширкатҳо то 17-уми моҳи декабр масдуд шаванд ва манобеи ғарбӣ мегӯянд, бо таваққуфи фаъолияти ин ширкатҳо, бархе аз тарҳҳои бозсозӣ ба хотири набуди амният, баста хоҳанд шуд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, хонум Клинтон ба ивази ширкатҳои амниятии хусусӣ, як барномаи муштаракро пешниҳод кардааст, ки он холигоҳи ба миён омадаро пурра хоҳад кард ва дар айни ҳол дар татбиқи қарордодҳои амниятӣ низ монеаҳо эҷод нахоҳад шуд.

Тамоси телефонии вазири хориҷаи ИАМ бо раиси ҷумҳури Афғонистон бахше аз гуфтугӯҳое аст, ки тайи рӯзҳои ахир дипломатҳои соири кишварҳои ғарбӣ дар иртибот ба ширкатҳои амниятии хусусӣ бо мақомоти афғон анҷом медиҳанд.

Карзай: "Ширкатҳои амниятӣ ба кори нерӯҳои афғон осеб мерасонанд"

Раиси ҷумҳур Карзай мегӯяд, ширкатҳои амниятии хусусӣ ба кори артиш ва пулиси миллии Афғонистон осеб мерасонанд. Вай ҳамчунин мехоҳад то қувваҳои амниятии афғон, масъулияти ин барномаҳоро ба ӯҳда бигиранд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи ИМА гуфтааст, Ҳилари Клинтон ба раиси ҷумҳури Афғонистон тааҳҳуд кардааст, ки дар заминаи интиқоли умури амниятӣ аз ширкатҳои амниятии хусусӣ, ба қувваҳои афғонӣ ба таври муносиб ва муштарак сутар хоҳад гирифт.

Аммо ин, ки дар дар иртибот ба фаъолияти ширкатҳои амниятӣ Ҳомид Карзай ба Ҳилари Клинтон чӣ имтинон додааст, чизе гуфта нашудааст.

Муассисаҳо ва ширкатҳое, ки дар заминаи барномаҳои бозсозӣ кор мекунанд, бидуни бима(суғурта) ва тазмини қонунӣ фаъолият карда наметавонанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ширкатҳои бима бо ишора ба таҷрибаи нокофӣ ба нирӯҳои амниятии Афғонистон эътимод надоранд.

Расонаҳои амрикоӣ гузориш меҳиҳанд, ки агар фаъолияти ширкатҳои амниятии хусусӣ мутаваққиф гардад, барномаҳои бозсозӣ ба арзиши яку ним миллиард доллар дар Афғонистон аз фаъолият боз мемонад. Дар ин тарҳҳо, стратегияи зидди шӯриш низ шомил аст, ки барои НАТО аз аҳамияти зиёд бархурдор мебошад.
XS
SM
MD
LG