Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон нахустин бозиашро дар даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 16-сола шоми 24-уми октябр дар шаҳри Тошканд бо тими Урдун бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Ин бозии гурӯҳи А дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и пойтахти Узбакистон бо ҳузури 300 тамошобин баргузор шуд.

Ҳисобро дар дақиқаи 62-юм Толибҷон Султонов, ҳамлагари дастаи Тоҷикистон, боз намуд. Вале баъди 12 дақиқа футболбозони Урдун ҳисобро баробар карданд. Голи ҷавобиро Субҳи Лаит ба самар расонд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон чунин буд: Баҳодур Шамсов, Дилшодҷон Каримов, Дилшод Холиқов, Абдулло Саидов, Дилшод Саломов, Бузургмеҳр Қодиров, Дилшод Расулов, Додохон Мӯъминов (Холмурод Назаров, 62), Иброҳим Мӯҳтоҷзода (Темурҷон Одилов, 70), Толибҷон Султонов, Шаъбон Раҳматзода (Анушервон Загуров, 31).

Дар бозии дигари гурӯҳи А дастаи мизбон – Узбакистон бар тими Индонезия бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард.

Ба ин тартиб дар ин гурӯҳ Узбакистон бо 3 имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои Тоҷикистон ва Урдун бо якимтиёзӣ ҷойҳои дуввуму севумро бо ҳам мебинанд. Индонезия бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифтааст.

Дар даври дуввуми мусобиқот 26-уми октябр нахуст Урдун ва Узбакистон, сипас Индонезия ва Тоҷикистон қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Ду бозии даври аввал дар гурӯҳи В бо чунин натиҷаҳо хотима ёфтанд: Эрон – Уммон – 5:1, Сурия – Кореяи Шимолӣ - 1:1.

Зоир Бобоев, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, мақсад дорем, ки ба даври чаҳорякниҳоӣ бароем.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16):

Дарвозабонҳо: Баҳодур Шамсов («Равшан», Кӯлоб), Сулаймон Мирзомуродов («Вахш», Қӯрғонтеппа).

Ҳимоятгарон: Дилшодҷон Каримов («Хуҷанд»), Темурҷон Одилов (РШВСМ, Душанбе), Анушервон Загуров («Гвардия», Душанбе), Дилшод Холиқов («Энергетик», Душанбе), Ойбек Абдуғаффоров («Энергетик», Душанбе).

Нимҳимоятгарон: Абдулло Саидов, Дилшод Саломов, Дилшод Расулов, Фирдавсии Юсуфзода, Шаъбон Раҳматзода (ҳама - «Истиқлол», Душанбе), Иброҳим Мӯҳтоҷзода («Саройкамар», Панҷ), Комрон Раҷбализода (РШВСМ, Душанбе), Холмурод Назаров («Данғара»).
Ҳамлагарон: Бузургмеҳр Қодиров (РШВСМ, Душанбе), Додохон Мӯъминов («Шериф-95», Молдова), Толибҷон Султонов («Истиқлол», Душанбе).

Ҳайати ширкаткунандагони мусобиқоти Осиё:
Гурӯҳи А
: Узбакистон, ТОҶИКИСТОН, Урдун, Индонезия.
Гурӯҳи В: Эрон, Сурия, Кореяи Шимолӣ, Уммон.
Гурӯҳи С: Ҷопон, Австралия, Тимори Шарқӣ, Вйетнам.
Гурӯҳи D: Аморати Муттаҳидаи Араб, Ироқ, Чин, Кувайт.

Тақвими мусобиқот

24 октябр, якшанбе

15:00, (Гурӯҳи A) Узбакистон – Индонезия – 3:0
19:00, (Гурӯҳи A) – ТОҶИКИСТОН – Урдун – 1:1
17:00, (Гурӯҳи B) Эрон – Уммон – 5:1
13:00, (Гурӯҳи B) Сурия – Кореяи Шимолӣ - 1:1

25 октябр, душанбе

15:00, (Гурӯҳи C) Ҷопон – Вйетнам
19:00, (Гурӯҳи C) Австралия – Тимори Шарқӣ
17:00, (Гурӯҳи D) АМА – Кувайт
13:00, (Гурӯҳи D) Ироқ – Чин

26 октябр, сешанбе

19:00, (Гурӯҳи A) Индонезия – ТОҶИКИСТОН
15:00, (Гурӯҳи A) Урдун – Узбакистон
13:00, (Гурӯҳи B) Уммон – Сурия
17:00, (Гурӯҳи B) Кореяи Шимолӣ – Эрон
27 октябр, чоршанбе
19:00, (Гурӯҳи C) Вйетнам – Австралия
15:00, (Гурӯҳи C) Тимори Шарқӣ – Ҷопон
13:00, (Гурӯҳи D) Кувайт – Ироқ
17:00, (Гурӯҳи D) Чин – АМА

28 октябр, панҷшанбе

13:00, (Гурӯҳи A) Узбакистон – ТОҶИКИСТОН
17:00, (Гурӯҳи B) Эрон – Сурия
13:00, (Гурӯҳи A) Урдун – Индонезия
17:00, (Гурӯҳи B) Кореяи Шимолӣ – Уммон

29 октябр, ҷумъа

13:00, (Гурӯҳи C) Ҷопон – Австралия
17:00, (Гурӯҳи D) АМА – Ироқ
13:00, (Гурӯҳи C) Тимори Шарқӣ – Вйетнам
17:00, (Гурӯҳи D) Чин – Кувайт

1 ноябр, душанбе

15:00, Ғолиби гурӯҳи A – ҷои 2-юми Гурӯҳи B
19:00, Ғолиби Гурӯҳи B – ҷои 2-юми Гурӯҳи А
13:00, Ғолиби Гурӯҳи C – ҷои 2-юми Гурӯҳи D
17:00, Ғолиби Гурӯҳи D – ҷои 2-юми Гурӯҳи C

4 ноябр, панҷшанбе


14:00, Ғолиби чорякфинали 1 – Ғолиби чорякфинали 3
17:30, Ғолиби чорякфинали 2 – Ғолиби чорякфинали 4

7 ноябр, якшанбе

14:00, Ғолиби нимфинали 1 – Ғолиби нимфинали 2

Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба чаҳорякфинал мебароянд. Чаҳор дастаи беҳтарини қора ба сабқати ҷаҳонии футболбозони наврас, ки соли 2011-ум дар Мексика доир хоҳад шуд, роҳхат мегиранд

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG