Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содироти Ҷопон беш аз 14 фоиз рушд кардааст


Ҷопон гуфт, содироташ дар моҳи сентябр назар ба як соли қабл 14,4 фоиз рушд кардааст. Инак моҳи даҳум аст, ки содироти Ҷопон дар ҳоли рушд аст, вале ин бор бо суръати кундтар. Дар моҳи сентябр дар муқобили доллар қариб 9 фоиз тақвият ёфтани қурби йена, пули миллии Ҷопон як далели аслии кунд шудани суръати рушди содироти ин кишвар шудааст. Моҳи гузашта содироти фаровардаҳои Ҷопон ба Чину Амрико беш аз 10 фоиз ва ба ИА беш аз 11 дарсад афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG