Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин шаҳрдори сиёҳпӯст дар Словения


Питер Боссман, як табиби зодаи кишвари африқоии Ғана дар интихоботи шаҳрдори бандари Пирани Словения ғолиб омад. Боссман, ба ин тартиб, нахустин шаҳрдори сиёҳпӯст дар ин кишвари аврупоӣ хоҳад шуд.
Шаҳрдори феълии Пиран Томаз Гантар, ки интихоботро бо фарқи андаке ба Питер Боссман бохт, низ табиб аст.
Боссмани 54-сола бо касби 51 дарсади оро ба ҳайси номзади ҳизби марказгарои сотсиал-демократ баранда шуд. Ӯ ҳанӯз дар авоили солҳои 80, ки Словения дар ҳайъати Югославия буд, барои таҳсили тибб ба инҷо омада, ба ҳамсабақи хорваташ издивоҷ кард. Онҳо 2 духтар доранд.
XS
SM
MD
LG