Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон фаннҳои "ғарбзада"-ро бозбинӣ мекунад


Як мақоми аршади вазорати омӯзиши Эрон гуфт, Ҷумҳурии исломӣ ба донишгоҳҳояш тадриси фаннҳои мушаххасеро, ки “ғарбзада”-анд, иҷозат нахоҳад дод. Рӯзномаи “Армон” аз қавли Абулфазл Ҳасанӣ навишт: “Тавсиъаи фаннҳое аз улуми иҷтимоӣ, чун ҳуқуқ, мутолиоти масоили занон, ҳуқуқи башар, менеҷмент, фалсафаи сотсиологӣ… равоншиносӣ ва улуми сиёсӣ бозбинӣ хоҳад шуд.” Ин мақом афзуда, ки ҳадаф аз бозбинӣ “бо таълимоти исломӣ мутобиқ сохтани онҳост.”
Ҳокимони тундрави Эрон Ғарбро айбдор мекунанд, ки бо таҳмили фарҳанги афсурдаҳолӣ ба насли ҷавони ин кишвар мехоҳад пояҳои низоми исломиро заиф кунад.
XS
SM
MD
LG