Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Беш аз 250 нафар шудани қурбониёни вабо дар Ҳаитӣ


Мақомоти Ҳаитӣ мегӯянд, теъдоди қурбониёни бемории қаттоли вабо дар ин кишвари ҳавзаи Кариб болиғ аз 250 нафар шуда, ҷамъи гирифторон аз марзи 3000 гузаштааст. Аммо ба гуфтаи мақомот, тайи як рӯзи охир мизони гирифторӣ ба вабо ва ҳалокат аз ин беморӣ коҳиш ёфтааст. Ин умедвориҳо барои гирифтани пеши роҳи густариши вабо дар Ҳаитиро меафзояд.
Габриэл Тимотӣ, мудири вазорати ҳифзи сиҳҳати Ҳаитӣ гуфт: “Ҷамъи гирифторон дар Артибоните ва Сентрал Плато, ду минтақаи аслии сироятшуда, бино ба охирин омор, ба 3015 расидааст. Ин омори расмист. Ва 253 нафар ҳалок шудаанд.”
Дар пайи заминларзаи пурқурбонии моҳи январ, ки мунҷар ба ҳалокати ҳазорон нафар шуд, садҳо ҳазор тан дар пойтахти Ҳаитӣ, шаҳри Порт-о-Пренс то ҳол дар хаймаҳо ба сар мебаранд ва табибон ҳушдор медоданд, ки чунин ҳол метавонад боиси бурузи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вабо шавад.
XS
SM
MD
LG