Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пардабардорӣ аз ёдгории бахшида ба омӯзгорони рус


Дирӯз дар Хуҷанд дар ҳузури сафири Русия Юрий Попов аз як маҷтамаъи ёдгории бахшида ба нахустин омӯзгорони рус пардабардорӣ карданд. Ин ёдгории баландиаш 3,5 метр ба ёди 12 омӯзгори рус аст, ки ҳанӯз дар солҳои 20-уми асри гузашта барои тадриси атфол ба Хуҷанд омадаанд.
Маҷтамаъи ёдгорӣ, ки дар он исми ин 12 омӯзгор ҳаккокӣ шудааст, маҳсули пайкарасози арманитабор Руслан Багдасариён буда, дар ҳавлии гимназияи якуми русӣ гузошта шудааст.
XS
SM
MD
LG