Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи калисои нави православӣ дар Хуҷанд


Дирӯз дар шаҳри Хуҷанд калисои нави православӣ ифтитоҳ ёфт. Калисои Мария Магдалина дар макони калисои қадимае, ки моҳи январи соли 2005 ба коми оташ рафт, бино шудааст. НОшири хабар- ожонсии ИТАР-ТАСС навишт, ки нахустин маросими мазҳабиро дар калисои нави Хуҷанд, ки 14 метр баландӣ дошта, беш аз 150 намозгузорро метавонад бигунҷонад, роҳиб Сергий, ноиби раиси мадрасаи масеҳии шаҳри Тошканд иҷро кард. Ӯ гуфтааст, ки мақомоти Хуҷанд барои бунёди боз як калисои бузургтар замин ҷудо кардаанд.
Асқафи калисои православии Тошканд ва Осиёи Марказӣ Владимир ҳам дар паёми табрикиаш бунёди калисои навро намунаи ҳамкории байни халқҳо ва намунаи таҷрибаи бебаҳои дӯстии байни динҳои мухталиф номидааст.
XS
SM
MD
LG