Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти овозхони маъруф Ҳанифа Мавлонова


Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳанифа Мавлонова дар пайи маризии тӯлонӣ дар синни 87 дар шаҳри Маскав аз олам чашм пӯшидааст. Ҳанифа Мавлонова соли 1924 дар Хуҷанд ба дунё омада, аз беҳтарин хонандагони опера ва “Шашмақом” дар Тоҷикистони замони шӯравӣ шинохта мешуд. Ӯ дар операҳои “Аида”, “Трубадур”, “Пӯлод ва Гулрӯ”, “Евгений Онегин”, “Найрангҳои Майсара” ва “Княз Игор” нақшҳои асосии занонаро иҷро кардааст. Вале Ҳанифа Мавлонова дар байни мардуми тоҷик бештар ҳамчун хонандаи “Шашмақом” маҳбубият дошт.
XS
SM
MD
LG