Пайвандҳои дастрасӣ

Дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як иттилоия хабар дод, ки қалби ин хонандаи шӯҳратёр баъд аз як бемории тӯлонӣ аз задан мондааст. Аммо дар бораи иллати марги Ҳанифа Мавлонова ва таърихи маросими дафни ҷанозаи ӯ сафорати Тоҷикистон ҷузъиёте ҳанӯз нашр накардааст.

Дар ҳар сурат, даргузашти Ҳанифа Мавлонова як саҳифаи рангине дар таърихи ҳунар ва мусиқии тоҷикро мепӯшад. Саҳифае ки шояд баёнгари авҷи рушди ин ҳунар ва ин мусиқӣ буд ва акнун моле аз таърих мешавад.

ОХИРИН ШОҲИДИ АВҶИ ҲУНАРИ ТОҶИК

Аз дунё рафтани Ҳанифа Мавлонова ба маънои дигар як моли таърих шудани як давраи бузурги рушди ҳунар ва мусиқии миллии тоҷикист. Исми Ҳанифа Мавлонова дар ин даврони дар воқеъ авҷи ҳунари овозхонии тоҷик дар ин саҳнаи бузург ва пуррақобат ҳамеша дар канори асомии ситораҳои дурахшоне, чун Барно Исҳоқова, Шоиста Муллоҷонова, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Аҳмад Бобоқулов ва даҳҳо хонандаи дигари шӯҳратёри он даврон гирифта мешуд.

Ин ҳама хайли хонандагони бузурги тоҷик якояк тарки ин дунё карданд ва Ҳанифа Мавлонова шояд охирин нафар аз он хайл буд, ки бо вуҷуди тайи солҳои охир дар як гӯшаи гумномӣ дар Маскав умри пирӣ ронданаш боз ҳам як шоҳиди зиндаи он даврони авҷи мусиқии миллӣ буд, ки аз кунун ӯ ҳам аз даст рафт.

Дар солҳои охир дар бораи Ҳанифа Мавлонова хеле кам мегуфтанду менавиштанд, таронаҳояш ҳам дар кунҷи бойгониҳо ба боди фаромӯшӣ рафта, дар радиову телевизионҳо ками дар кам садо медод ва шояд танҳо ангуштшумор мухлисони садои қавиву ҷаззоби ӯ хабардор буданд, ки бо вуҷуди ба як ҷо расидани синнаш ӯ ҳанӯз зинда асту дар Маскав ба сар мебарад.


РОҲИ ЗИНДАГИИ ҲАНИФА МАВЛОНОВА

Ҳанифа Мавлонова соли 1924 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, соли 1936 омӯзишгоҳи мусиқии инҷоро хатм мекунад ва дар театри тамошобини навраси вилояти вақти Ленинобод, Суғди кунунӣ, ба кор мепардозад. Ӯ аз соли 1939 тайи 4 сол дар театри мусиқиву драмавии Ленинобод намои ҳунар карда, аз соли 1943 овозхони театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе мешавад. Дар ин миён дар солҳои 50-ум тайи 7 сол дар Консерваторияи шаҳри Маскав низ таҳсил карда, тамоми назокатҳои ҳунари овозхонии касбиро аз худ мекунад.



Садои Ҳанифа Мавлонова сопрано буд ва бо як қуввати бемислаш фарқ мекард. Муҳимтарин нақшҳое, ки ӯ офаридааст, нақши Гулрӯ дар операи “Пӯлод ва Гулрӯ”-и Шарофуддин Сайфуддинов, Татяна дар “Евгений Онегин”-и Пётр Чайковский, Леонора дар “Трубадур”-и Ҷузеппе Вердӣ ва Ярославна дар ”Княз Игор”-и Александр Бородин шинохта шудаанд. Ӯ дар операи “Аида”-и Вердӣ, ки аз мӯътабартарин операҳои ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, низ нақши аввалро иҷро карда буд.

Ҳанифа Мавлонова ҳамчунин дар операҳои мазҳакавие, чун “Найрангҳои Майсара”-и Сулаймон Юдаков ва “Домод”-и Отто Урбах нақшҳои асосиро иҷро кардааст.

Аммо дар миёни мухлисони тоҷик Ҳанифа Мавлонова бештар бо иҷрои низ беҳамтои таронаҳои мардумӣ ва ҳам “Шашмақом”-и безавол шӯҳрати беандоза касб карда буд.Дар он даврон Ҳанифа Мавлонова аз беҳтарин хонандагони таронаҳои “Шашмақом” эътироф шуда, дар майдони “Шашмақом” бо бузургтарин устодони даври худ, чун Барно Исҳоқова, баробар сабқат мекард.

ПОЁНИ УМР ДАР ҒУРБАТ

Бо шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар қатори ҳазорон ҳамватанонаш Ҳанифа Мавлонова ҳам тарки ватан кард ва ба Маскав кӯч баст.Теғи аҷал риштаи умри ин пири ҳунари овозхонии тоҷикро дар синни 87 дар ҳамин ҷо, дар ғурбат, дар фосилаи чанд ҳазор километр дур аз ватанаш бурид.

Вале фақат садост, ки мемонад. Садои Ҳанифа Мавлонова ончунон қавист ва нокуштанӣ, ки бо вуҷуди аз мо рафтани ӯ ин садо дар қалбҳои мухлисонаш хоҳад монд. Ва ҳатман шуморе аз ин мухлисон ба суроғи Ҳанифа Мавлонова то Маскав ҳам хоҳанд рафт, ки агар натавонистанд ӯро дар зиндагиаш зиёрат ва қадр кунанд, пас ҳадди ақал ба зиёрати мазораш бирасанд. Мазораш, ки ҳатман ҳамеша бӯи Тоҷикистон ва бӯи таронаҳои Ҳанифа Мавлонова хоҳад дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG