Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар аз давлати Ироқ хост, то гузоришҳо доир ба азияту шиканҷаи зиндониён аз сӯи сарбозон ва пулисро таҳқиқ кунад. Бадрафториҳои сарбозони ироқӣ дар садҳо ҳазор санади маҳрамонаи ҷанги Ироқ тасвир шудааст, ки торнамои Вики Ликс нашр кард.

Мақомоти Ироқ ваъда доданд, тамоми қазияҳои бадрафториву шиканҷа аз тарафи нерӯҳои пулис ва артиш дар замони хушунатҳои мазҳабӣ дар кишварро таҳқиқ хоҳанд кард. Азият ва бадрафторӣ зиндониёну боздоштшудагон дар Ироқ даҳҳо ҳазор санаде тасвир шудааст, ки торнамои ҳаёҳубарангези Викиликс нашр кард.

Мақомоти Амрико ҳамчунон интиқоди Вики Ликсро идома медиҳанд, ки ба гуфтаи онҳо, ҷони сарбозони амрикоӣ дар майдонҳои ҷангро дар хатар мегузорад. Аммо баъзе аз ғайринизомиёни ироқӣ гуфтаанд, дар ин аснод ҳеҷ чизи ҳайратангезе доир ба шеваи ҷанг дар Ироқ надидаанд.

Ҳукумати Ироқ ба таҳқиқи асноди Вики Ликс мепардозад

Ҷавод ал-Боланӣ, вазири умури дохилии Ироқ
Бо гузашти ду рӯз аз нашри 400 ҳазор асноди махфии ҷанги Ироқ дар торнамои Вики Ликс, ҷангҳои лафзӣ бар сари шеваи амалкарди низомиёни Амрикову Ироқ дар он ҷанг идома дорад. Мақомоти Ироқ бо гузашти фурсати кӯтоҳе, аз азми худ барои таҳқиқи он аснод сухан гуфтанд, ки аз ҷумла шиканҷаву азият ва қатли худсаронаи зиндониён дар солҳои 2004 то соли 2009-ро тасвир кардаанд. Ҷавод Ал-Боланӣ, муовини вазири умури дохилаи Ироқ гуфт:

“Вазорати умури дохила таҳқиқи парвандаҳои қонуншиканиҳоро идома медиҳад. Дар ин замина кумитаҳои таҳқиқотӣ ба таври мудавом кор мекунанд ва ҳеҷ кас болотар аз қонун нест. Ҳар қадр ки таҳқиқот идома накунад, додгоҳҳо ва муқаррароти қонун ҳаст. Ва онҳое ки ҳуқуқи ҳар ироқиеро, нақз карда бошанд, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.”

Агарчӣ то ҳоло аслӣ будани санадҳои Викиликс маълум нашудааст, вале муассиси торнамо Ҷулиан Ассанж мегӯяд, дар он аснод марги 15 ҳазор ғайринизомӣ сабт шудааст, ки дар ҷанги ба раҳбарии Амрико дар Ироқ ва ё дар ҷараёни хушунатҳои мазҳабӣ кушта шудаанд, вале марги онҳоро дар ҳеҷ ҷое эълом накардаанд.

Низомиёни Амрико гуфтаанд, ки ҷузъиёти талафоти ғайринизомиён дар ҷанги Ироқро сабт намекунад. Вале асноди нашршуда дар Викиликс, ки аслан афсарони поёнрутбаи амрикоӣ дар саҳнаҳои ҷанг навиштаанд, қазияҳои бомбгузорӣ, таҷовуз ба номус, қатли худсарона аз тарафи размандагони ироқиро тасвир мекунанд.

Вокуниши Дидбони Ҳуқуқи Башар

Виҷдан Мишел, намояндаи Дидбон Ҳуқуқи Башар дар Бағдод
Дидбони Ҳуқуқи Башар аз давлати Ироқ хост, ин гузоришҳоро таҳқиқ кунад. Ин созмони ҳомии ҳуқуқи инсон ҳамчунин аз давлати Амрико хост, таҳқиқ кунад, ки оё нерӯҳояш бо супурдани зиндониён ба сарбозони ироқӣ бо вуҷуди он ки хатари шиканҷаи онон вуҷуд дошт, қонунҳои байналмилалиро нақз кардаанд? Ҷефф Моррел, сухангӯи вазорати дифоъи Амрико ин иддаъои созмонҳои ҳомии ҳуқуқро рад кард, ки мегӯянд, беэътиноии низомиёни Амрико сабаби марги 122 ҳазор ғайринизомии ироқӣ шудааст:

"Дар иртибот ба талафоти ғайринизомиён мо ҳар коре, ки тавонамон ҳаст кардаем ва мекунем, ки аз талафоти ғайринизомиён ҷилавгирӣ ва ё ба ҳадди аққал расонида шавад. Фалсафаи муқобила бо шӯришиён ҳамин аст. Мо саъй дорем, то дилу эътимоди мардуми ироқро ба даст орем, ки бо мо ва бо ҳукумат кор кунанд ва нагузорем, ки ба Алқоида ва ё гурӯҳҳои дигари террористӣ дар он кишвар бипайванданд".

Мақомоти артиши Амрико амалкарди Ҷулиан Ассанжро башиддат интиқод карда, гуфтанд нашри асноди маҳрамона ҷони сарбозон ва ҳампаймонҳои онро таҳти хатар мегузорад. Ҳудуди 50 ҳазор сарбози Амрико дар Ироқ мунтазири бозгашт ба кишварашон дар охири соли 2011 ҳастанд. Майкл Муллен, фармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида, гуфт, рафтори моҷароҷӯёнаи Викиликс, “ғайримасъулона” буда ва “ҷонҳоро зери хатар” мегузорад.

Ҷомеаи байналмилалӣ ҳам ба нашри санадҳои маҳрамонаи ҷанги Ироқ дар Викиликс вокуниш нишон дод. Ник Клегг, муовини нахуствазири Бритониё, ки пайвастани кишвараш ба ҷанг дар Ироқро иштибоҳ хондааст, гуфт, иттиҳомот алайҳи нерӯҳои ба раҳбарии Амрико “фавқуллода ҷиддӣ” аст. Аммо баъзе аз ироқиёни оддӣ мегӯянд, санадҳои Викиликс ҳеҷ чизи наве барои онҳо ошкор накардааст. Салоҳ як сокини Бағдод ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, тамоми ироқиҳо дар солҳои тӯлонии ҷанг ранҷ кашидаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG