Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳпаймоии ҳомиёни сиёсатмадори миллатгарои қирғиз


Баъди хабари сӯиқасд ба ҷони як сиёсатмадори миллатгарои қирғиз, садҳо нафар аз тарафдорони ӯ дар шаҳри Бишкек раҳпаймоӣ карданд. Қамчибек Тошиев, раиси Ҳизби Отаҷурт, рӯзи шанбе гуфт, маъмурони Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ба ӯ ҳамла ва маҷрӯҳаш карданд. Қамчибек Тошиев гуфт, мардони мусаллаҳ ба хонаи ӯ дар ҳошияи шаҳри Бишкек ворид шуданд, аммо муҳофизонаш онҳоро нагузоштанд. Тазоҳургарон дар Бишкек талаб доранд, ки Кенешбек Душенбоев, раиси Кумитаи амнияти миллӣ аз мақомаш истеъфо диҳад. Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ба ин ҳамла ҳеҷ рабте надорад. Ҳизби миллатгарои Отаҷурти Қирғизистон ғайриинтизор дар интихоботи моҳи гузашта пирӯз шуд.
XS
SM
MD
LG