Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тақозои HRW аз давлати Ироқ барои таҳқиқи санадҳо


Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар, аз давлати Ироқ хост, то гузоришҳо доир ба азияту шиканҷаи зиндониён аз тарафи сарбозон ва пулиси кишварро таҳқиқ кунад. Бадрафториҳои сарбозони ироқӣ дар садҳо ҳазор санади маҳрамонаи ҷанги Ироқ тасвир шудааст, ки торнамои Вики Ликс нашр кард. Ҷавод Ал-Боланӣ, муовини вазири умури дохилаи Ироқ, гуфт таҳқиқот дар ин замина идома доштааст: "Вазорати умури дохила таҳқиқи парвандаҳои қонуншиканиҳоро идома медиҳад. Дар ин замина кумитаҳои таҳқиқотӣ ба таври мудавом кор мекунанд ва ҳеҷ кас болотар аз қонун нест. Ҳар қадр ки таҳқиқот идома накунад, додгоҳҳо ва муқаррароти қонун ҳаст. Ва онҳое ки ҳуқуқи ҳар ироқиеро, нақз карда бошанд, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд." Дидбони Ҳуқуқи Башар, ҳамчунин аз давлати Амрико хост, таҳқиқ кунад, ки оё нерӯҳояш бо супурдани зиндониён ба нерӯҳои ироқӣ бо вуҷуди он ки хатари шиканҷаи онон вуҷуд дошт, қонунҳои байналмилалиро нақз кардаанд? Амрико Вики Ликсро барои интишори асноди маҳрамона маҳкум кард, ки ба гуфтаи Вашингтон метавонад, ҷони сарбозонашро ба хатар андозад. Ҷулиан Ассанж, муасисси Вики Ликс мегӯяд, асноди мазкур, ҳақиқати ҷанги Ироқро ошкор кардааст.
XS
SM
MD
LG