Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳрими нуфусшуморӣ дар як рустои Русия


Сокинони як рустои Бошқирдистони Русия ба нишони эътироз аз набуди оби ошомиданӣ дар маҳалли зисташон аз ширкат дар шумориши аҳолӣ даст кашидаанд. Дар рустои “Рассвет”, ки дар 200 километрии шаҳри Уфа қарор дорад, 1000 нафар зиндагӣ мекунанд. Теъдоде аз онҳо ба бахши бошқирдии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки манбаъи оби ошомидании онҳоро мақомот ба иллати олуда будани он бастаанд. Яке аз онҳо мегӯяд:"То замоне, ки онҳо ба доди мо нарасанд, мо дар шумориши аҳолӣ ширкат нахоем кард. Бигзор бигӯянд, ки мо як рустои мурда ҳастем. Рустои “Рассвет” аз дармонгоҳи тиббӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ маҳрум будааст. Русия, ки аҳолиаш ба шиддат кам мешавад, чанде пеш маъракаи нуфусшумориро шурӯъ кард.
XS
SM
MD
LG