Пайвандҳои дастрасӣ

Мавзӯъи ҳассос дар гуфтӯгуи мақомоти Амрикову Чин


Тимотӣ Гейтнер, вазири хазонадории Амрико ба хотири мулоқот бо Ван Кишан, муовини нахуствазири Чин, вориди Пекин шуд. Қарор аст, масъалаи ҳассоси арзиши пули Чин юан дар ин мулоқот баррасӣ шавад. Ба эътиқоди Амрико, Чин амдан қурби юанро бисёр поён нигаҳ медорад, ки ба манфиати содиркунандагони дохилиаш аст. Пеш аз вурудаш ба Чин, Тимотӣ Гейтнер дар ҳамоиши кишварҳои Гурӯҳи 20 дар Куриёи Ҷанубӣ ширкат дошт. Дар ин ҳамоиш низ масъалаи таъйин намудани қурби арзи кишварҳо бар асоси нишондодҳои бозор баррасӣ шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG