Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бемории вабо ба пойтахти Ҳаитӣ расидааст


Бемории кушандаи вабо, ки дар шимол ва маркази Ҳаитӣ бедодгарӣ карда ва бештар аз 220 нафарро кушт, бино ба гузоришҳо ба пойтахти он ҳам расидааст. Муассисаи беҳдоштии Созмони Милал дар қораи Амрико дар баёнияе гуфт, вазорати беҳдошти Ҳаитӣ чанд мавриди сирояти бемории вабо дар шаҳри Порто Принсро таъйид кардааст. Эпидемияи вабо дар Ҳаитӣ баъд аз заминларзае ба вуқӯъ пайвастааст, ки даҳ мо пеш Ҳаитиро вайрону валангарон кард. Садҳо ҳазор нафар то кунун дар ӯрдугоҳҳои атрофи Портро Принс дар хаймаҳо ба сар мебаранд, ки шароити беҳдоштии бад доранд ва ба истилоҳ замини ҳосилхез барои бемориҳои сироятӣ аст.
XS
SM
MD
LG