Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нашри санадҳои маҳрамонаи ҷанги Ироқ дар Вики Ликс


Торнамои Вики Ликс ҳазорон санади маҳрамонаи Амрикоро нашр кард, ки доир ба шиканҷаи зиндониён аз тарафи нерӯҳои Ироқ нақл мекунанд. Торнамо мегӯяд, бо вуҷуди огаҳ будан, низомиёни Амрико ин бадрафториҳои сарбозони ироқиро нодида гирифтаанд. Ҷулиан Ассанж, муассиси Вики Ликс гуфт, ҳадафи нашри асноди маҳрамона, намоиш додани ҳақиқати ҷанг дар Ироқ аст. Тақрибан 400 ҳазор гузоришҳои маҳрамона аз ҷанг дар Ироқ нишон медиҳад, ки дар ин муноқиша 66 ҳазор ғайринизомии ироқӣ кушта шудааст, оморе, ки то кунун нашр нашуда буд. Юлиян Ассанж, муассиси торнамои Вики Ликс мегӯяд: “Дар он аснод, марги 109 ҳазор нафар сабт шудааст ва аз ҷумла дар он эълом кардаанд, ки 66 ҳазор нафарашон афроди ғайринизомианд. Мо ҳамроҳ бо созмоне, ки марги ироқиёнро сабт мекунад, дарёфтем, ки марги 15 ҳазор ғайринизомӣ, ки дар низоъҳои Ироқ кушта шудаанд, дар ҳеҷ куҷо ва ҳеҷ гоҳ сабт нашудааст.” Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, торнамои Вики Ликсро барои нашри ин санадҳо интиқод кард, ки ба гуфтаи ӯ ҷони амрикоиҳову ҳампаймонҳои онҳоро дар хатар мегузорад.
XS
SM
MD
LG