Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳаббат Фаёзов аз ҷумлаи ҳамроҳони Мирзохӯча Аҳмадов аст, ки як ҳафта баъд аз мусолиҳаи Аҳмадов бо ҳукумат, довталабона силоҳи худро таслим кард. Вай собиқ корманди шуъбаи мубориза зидди чиноятҳои муташаккил ва аз размандагони пешини ИНОТ дар минтақаи Рашт, бо машварат ва маслиҳати волидайнаш ин ҳафта силоҳи худро ба нерӯҳои интизомӣ супорид.

Гуфта мешавад Муҳаббат Фаёзов дар зодгоҳаш дараи Камароб паноҳ мебурдааст ва волидайнаш аз ӯ тақозо кардаанд то ба ҳаёти мулкӣ баргардад.

Худи Муҳаббат Фаёзов дирӯз Мирзохӯҷа Аҳмадов, собиқ фармондеҳи мухолифинро дар маркази ноҳияи Рашт шаҳраки Ғарм ҳамроҳӣ мекардааст.

Дар ҳамин ҳол, бозгашти боз яке аз собик размандагони мухолифин ба зиндагии осоишта ва гаштугузори ӯ дар маркази ноҳия, умеди мардум ба оромӣ ва суботро бештар кардааст. Раҳимчон яке аз сокинони маҳаллӣ дар ин робита мегӯяд:

«Ҳаминҳоро мо дар кӯчаҳо мебинем,шукр мекунем, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва тинчию амонӣ шуд. Ман худам як мусофиркаш ҳастам ва дар ҳоли ҳозир ба ҳама гӯшаҳои ноҳияи Рашт бидуни кадом мушкиле мусофир мебарам»

Ҳамзамон бархе аз сокинони Камароб гуфтаанд, ки тайи рӯзҳои ахир якчанд постгоҳ дар ин дара бардошта шудааст. Аммо ба дунболи ин, дар поёни рустоҳои ҷамоати Нусратулло Махсум воқеъ дар масири Ғарм -Навобод, чанд постгоҳҳои муваққатии дигар таъсис шудааст.

Масъулини ин постгоҳҳо, ки асосан аз ҳисоби кормандони милиса ҳастанд, сабаби таъсиси онро чилавгирӣ аз имкони вуруди эҳтимолии афроди мусаллаҳ арзёбӣ кардаанд.

Вале Сакина, як сокини ин мавзеъ аз сарусадоҳҳо дар бораи имкони вуруди афроди ношинос изхори ташвиш кард.

«Дар ташвиш омадам, ки ягон гап нашавад. Сару садохо гуногунанд, якта як гап мезанад нафари дигар гапи дигар. Аммо инхел нигоҳ кунем, ҳама тинчию оромист».

Дар ҳамин ҳол, вазъ дар нохияи Рашт ором аст ва ба ҷуз ҳузури бархе аз низомиён, нишоне аз нооромиҳои ахир дар ноҳияи Рашт ба чашм намерасад. Ва дар ҳоле, ки суботу амният ба ноҳияи Рашт бармегардад, ҳамоно иртиботи телефонӣ ба ин ноҳия барқарор нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG