Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон ду корманди масъули нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистонро бар асоси чаҳор банди кодекси ҷиноятии кишвар, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва сӯйистифода аз мақоми хизматӣ муттаҳам дониста, онҳоро барои мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.

Муовинони собиқи раиси дидбонгоҳи сарҳадии воҳиди низомии марбут ба Кумитаи амнияти миллӣ дар ноҳияи Панҷ - прапоршик Маҳмадалӣ Абдуллоев ва капитан Садриддин Муродалиев бо ҳукми додгоҳ мутаносибан 17 ва 12 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Посдорони қонун қонуншиканӣ карданд
Луқмон Раҷабов, додраси мурофиа

Ба гуфтаи додраси мурофиа Луқмон Раҷабов, афроди муттаҳам бо истифода аз ваколатҳои мансабии худ барои қочоқ ва интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ба воситаи дарёи Панҷ мусоидат кардаанд.

Зимни эъломи ҳукм ҷаноби Раҷабов гуфт:

«Суд дар вақти таъини ҷазо инро ҳам ба инобат гирифт, ки судшавандаҳо хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон буда, вазифаи хизматии онҳо аз ҳифзи марзу буми ин давлат иборат буда, онҳо бояд бо қочоқу сарҳадшиканӣ ва ашхоси амнияти давлатро халалдор мекарда мубориза баранд. Вале онҳо ин ҳамаро сарфи назар карда, манфиатҳои моддию шахсии хешро аз ин арзишҳо болотар гузоштаанд».

Ба иддаои мақомоти додситонӣ, афроди муттаҳам, ки дар воҳиди низомии наздимарзӣ дар ноҳияи Панҷ ба ҳайси муовини сардор кор мекарданд, аз як шаҳрванди ҷумҳурии исломии Афғонистон чоруним кило ҳашиш харидаанд ва барои ҳар як килои ин навъи маводи мухаддир 150 доллари амрикоӣ додаанд. Аммо дар миёнаҳои моҳи апрели имсол баъд аз фурӯши маводи мухаддир ба як сокини ноҳияи Панҷ, афсарони нерӯҳои марзбонӣ боздошт шудаанд.

Ҳамдастӣ бо шабакаҳои қочоқи маводи мухаддир

Мақомоти тафтишотӣ ҳамчунин ин фарзияро низ таҳқиқ кардаанд, ки то куҷо афсарони боздоштшуда бо сохтани ба истилоҳ коридор ё гузаргоҳ барои интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва ҳамин тавр то ба Русия ва кишварҳои ғарбӣ мусоидат мекардаанд.

Дар гузаштаи начандон дур, ожонсии зидди маводи мухаддири вилояти Хатлон гуфта буд, ки дар миёни кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва қудратии кишвар афроди мусоидаткунанда ва ҳамдасти гурӯҳҳои созмонёфтаи қочоқбар низ ҳастанд. Боқӣ Абдуллоев, як масъули Ожонсии зидди маводи мухаддири кишвар, мегӯяд, пӯшида нест, ки баъзан ин гурӯҳҳои созмонёфтаи байнулмилалӣ бо мусоидат ва пуштибонии иддае аз кормандони ниҳодҳои қудратӣ маводи мухаддирро гардиш медиҳанд:

«Ҳар як гурӯҳи муташаккил, албатта, бо қочоқбарони ҷумҳурии исломии Афғонистон робитаи зич доранд. Бо рахна кардани марзу буми Тоҷикистон ба Русия, Қазоқистон ва дигар ҷумҳуриҳои ҳамсарҳад бо кишвари мо маводи мухаддирро кӯшиш мекунанд, ки интиқол диҳанд. Албатта, ҳар як гурӯҳи созмонёфтаи қочоқбар, ки ба қайд гирифта шуд, ҷиддан таҳқиқ мешавад, ки ҳомиёни чунин гурӯҳҳо киҳоянд, аз ҷониби кӣ пуштибонӣ меёбанд, робитаҳо ва маблағгузоронашон низ мавриди тафтиш қарор мегиранд…»

Ва аммо афсарони маҳкумшуда ба зиндон дар мурофиаи додгоҳӣ ҳамдастии худро ба чунин гурӯҳҳои созмонёфтаи қочоқбар рад карданд.

Маҳрумият аз рутбаҳои хизматӣ

Бо ин вуҷуд, додгоҳ онҳоро аз рутбаҳои низомӣ ва ҳуқуқи ишғоли мансабҳои масъул ва фармондеҳӣ дар хадамоти марзбонии Тоҷикистон маҳрум кард. Ҳамчунин бо ҳукми додгоҳ, амволи афроди маҳкум ба зиндон мусодира гардида, онҳо дар колонияҳои ислоҳии низомаш шадид нигаҳдорӣ хоҳанд шуд.

Вакилони мудофеъи ҳуқуқи Абдуллоев ва Муродалиев аз шарҳи ҳукми додгоҳ худдорӣ карда, танҳо ҳамин қадар гуфтанд, ки бо ин ҳукм ризо нестанд ва ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳанд бурд.

Ҳомиёни ҳуқуқи собиқ мансабдорони нерӯҳои марзбонӣ барои пешниҳоди даъвои худ ба додгоҳи зинаи болоӣ даҳ рӯз мӯҳлат доранд.

Дар вилояти Хатлон ин якумин мавриди боздошти хидматчиёни низомии нерӯҳои марзбонӣ бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир набудааст. Соли гузашта ҳам дар Хатлон як афсари марзбон бо қочоқи 8 кило маводи мухаддир дастгир шуда буд.

Дар соли ҷорӣ дар қаламрави вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони мақомоти интизомӣ 448 кило маводи мухаддир аз гардиши ғайриқонунӣ берун кашида шуда, дар робита ба қочоқбарон 97 парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ гардидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG