Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин гурӯҳи довталабон, иборат аз 210 нафар, рӯзи 24-уми октябр барои зиёрати хонаи Каъба аз Душанбе ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ парвоз мекунанд. Гусели гурӯҳҳои боқимондаи зоирони хонаи Каъба аз Душанбеву Хуҷанд то 2-юми ноябр идома хоҳад ёфт.

Ҷои бисёр, довталабони кам

Шӯъбаи ҳаҷҷ ва зиёрати Кумитаи дин, ки дар даҳ соли гузашта риштаи танзими сафари ҳоҷиёнро ба даст гирифтааст, мегӯяд, имсол каме бештар аз 5 ҳазору 200 нафар аз сокинони Тоҷикистон ба зиёрати хонаи Каъба мушарраф хоҳанд шуд.

Ин рақам дар муқоиса ба арқоми як соли пеш 200 нафар бештар, вале дар муқоиса бо он квотае, ки вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ имсол барои Тоҷикистон ҷудо кардааст, тақрибан 300 нафар камтар мебошад.

Вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ барои аҳолии ҳафт миллионнафарии Тоҷикистон 5 ҳазору 500 квота ихтисос дода буд, ки имсол баръакси солҳои пешин барои бори нахуст пур нашуд.

Дар солҳои гузашта, довталабони ҳаҷ, ки дар рӯйхати Кумитаи дин танҳо номи 5 ҳазори онҳо меғунҷид, аз тариқи ширкатҳои сайёҳӣ дар Русияву Қирғизистон ҳам роҳ меҷустанд, ки ҳаҷҷи фарзиро ба ҷо оранд.

Навмедии пирону навҷавонон

Албатта, таъсири бӯҳрони моли ҳам ҳаст, ки домани Тоҷикистонро то ҳол пурра сар надодааст.

Вале соҳибназарон мегӯянд, шояд кам шудани шумори довталабони Ҳаҷ аз Тоҷикистон ба маҳдудиятҳое низ вобаста бошад, ки имсол Кумитаи дин барои аввалин бор ҷорӣ кард.

Масалан, ин кумита гуфт, ки афроди синнашон поин аз 18-сола ва боло аз 80-сола ҳаққи зиёрати хонаи Каъбаро надоранд.

Ин дар ҳолест, ки дар солҳои пешин, теъдоди зиёди пирмардони 80-сола ва аз он ҳам боло ба зиёрати Ҳаҷ мерафтанду бисёре аз волидон фарзандони кӯчакашонро ҳамроҳи худ мебурданд.

Домулло Қурайшхон, сархатиби яке аз масоҷиди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шимоли кишвар, ки дар солҳои пеш роҳбалади ҳоҷиён будааст, мегӯяд, набояд ба синну сол, балки бештар ба вазъи сиҳати одамон таваҷҷӯҳ дода шавад.

Вай афзуд, аз таҷриба мегӯям. Бовар кунед, одамони 80-85-сола буданд, валекин аз саломатии худ шиквае надоштанд. Онҳо бо як ихлосу самимият зиёрат мекарданд. Табибон агар саломатии онҳоро кафолат медоданду зиёрати Каъба ба мӯсафедон ҳам насиб мекард, хуб мешуд.”

Манбаъи даромад

Ҳамчунин, Кумитаи дин аз довталабони зиёрати хонаи Каъба хост, ки ҳангоми хонапурӣ кардани аснод барои сафар манобеъи даромадашонро возеҳ бинависанд.

Абдуғаффор Юсуфов, раҳбари шӯъбаи ҳаҷ ва зиёрати Кумитаи дин, мегӯяд, ин тасмим ба дунболи он гирифта шуд, ки баъзе аз сокинон бо дарёфти қарз ва ё бо фурӯхтани амволи зарурӣ, ба мисли манзили зист, ба сафари ҳаҷ рафта, пас аз бозгашт бо фарзандон ва ё бо афроде ки ба онҳо қарз дода буданд, ҳатто дастбагиребон шудаанд.

“Мо ин гуна ҳолатҳоро дидем. Барои ҳамин манбаи даромадро ҳатмӣ кардем. Чунки ҳаҷ барои фарде фарз аст, ки имконоти кофӣ дошта бошад. Масалан, агар маблағи ҳаҷ тақрибан 3200 долларо ташкил диҳад, бояд ҳамин қадари дигар маблағ дар хонааш дошта бошад. Нашавад, ки баъд аз ҳаҷ рафтани ӯ , фарзандонаш мӯҳтоҷи каси дигаре шаванд”,-илова кард ӯ.

Ҳаҷравӣ арзон шуд

Вале баръакси солҳои пешин, ки довталабонро болоравии қиммати махориҷи ҳаҷ нигарон мекард, имсол мақомот аз поин рафтани арзиши харҷи зоирон хабар доданд.

Масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, имсол сафари зоирон ба қиммати камтаре анҷом шуда ва хароҷоти маросими ҳаҷ ҳамагӣ 3 ҳазору 191 долларро ташкил медиҳад, ки маблағи роҳкиро, ҷойи хоб ва ғизои зоиронро фаро мегирад.

Мавлон Мухторов, муовини раиси ин кумита, мегӯяд, “Вобаста ба баланд рафтани нарх дар тамоми дунё нархи сафари ҳоҷиёни мо низ баландтар мешуд. Вале ин нарх 151 доллар камтар шуд. Яъне, масъаларо ба манфиати зоирон ҳал кардем.”

Танҳо "Сомон эйр" ва "Тоҷик эйр"

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки имсол сафари зоирон ба Маккаву Мадина аз роҳи ҳавоӣ ва он ҳам тавассути ҳавопаймоҳои ширкатҳои "Тоҷик эйр" ва "Сомон эйр" анҷом мегирад.

Танҳо ширкати "Сомон эйр" 3 ҳазору 300 тан аз зоиронро ба Ҷидда мебарад.

Сухангӯйи ин ширкат мегӯяд, мувофиқи дархосте, ки аз Кумитаи дин дастрас кардаанд, ҳавопаймоҳои ширкати онҳо 19 рейс ва он ҳам 8 рейс аз Хуҷанд ва 11 рейс аз Душанбе ба Ҷиддаро анҷом хоҳад дод.

Бозгашти ҳоҷиёни тоҷик аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон аз 22-юми ноябр шурӯъ шуда, то 7-уми декабр идома хоҳад ёфт. Ва гуфта мешавад, ки теъдоде аз ҷавонҳои тоҷик, ки дар Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари арабӣ ғайрирасмӣ таҳсил мекарданд, тавассути ҳавопаймоҳое ки зоиринро ба Саудӣ мебаранд, пас оварда мешаванд.

Ҳаҷравӣ дар Тоҷикистон

Рафтани зоирон ба хонаи Каъба аз Тоҷикистон аз солҳои навадум ба ин сӯ дар шакли умумӣ сурат мегирад.

Дар солҳои навадум мардум аксаран аз тариқи роҳҳои заминӣ ва бо кӯмаки ширкатҳои сайёҳӣ ба Арабистони Саудӣ роҳ ёфтаанд.

Сайид Иброҳими Назар, аз муовинони раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, мегӯяд, дар даврони Шӯравӣ низ баъзе аз афрод аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа ба Арабистони Саудӣ фиристода мешуданд.

Вале мегӯяд ӯ, аксари ин афрод, то ин ки ба зиёрати Каъба раванд, ҳатман мавриди тафтиши амиқи мақомоти амниятӣ қарор мегирифтанд.

“Он вақт яке аз одамони маъруф рафта буд. Мо ба зиёраташон рафтем. Ҳамон сол ҳамагӣ 17 нафар аз тамоми Шӯравӣ рафта буданд. Аз тариқи Маскав. Агар гӯем, ки дар даврони Шӯравӣ ҳаҷ тақрибан набуд, хато намекунем. Онҳое ҳам, ки мерафтанд, аз ҳазор ғалбер мегузаштанд ва ё бо ҳадафҳое мерафтанд”,-илова кард ӯ.

Дар бораи сафари зоирини Шӯравӣ ба Маккаву Мадина адиби маьруфи тоҷик Фазлиддин Муҳаммадиев китобе ҳам навиштааст бо номи “Дар он дунё”. Албатта, ин китоб моломоли таблиғи арзишҳои атеистии замони Шӯравист, вале дар он солҳо, пиру ҷавон, диндору бедин онро мехонд, чунки нахустин раҳоварди сафари Ҳаҷ буд, ки Шӯравӣ нашр кард.

Кумитаи дин ё ширкатҳои саёҳӣ?

Аммо дар оғози солҳои 2000, замоне ки теъдоди ба ҳаҷравандагон дар Тоҷикистон афзоиш дошт, мақомоти Кумитаи дин талош кард, ки танзими ҳаҷро ба ихтиёри ин ниҳоди динӣ бигирад ва соҳиби бозори гарме шавад, ки ширкатҳои сайёҳӣ аз гуселу пешвози зоирон онро ба вуҷуд оварда буданд.

Ҳусейн Шокиров, як масъули Кумитаи дин мегӯяд, ҳоло танҳо ин ниҳоди расмии танзимкунандаи дин ҳаққи фиристодани зоирон ба Маккаву Мадинаро дорад.

Вай афзуд, танҳо ширкати сайёҳии "Расул — сохтмон" барои фиристодани зоирон ба Ҳаҷҷи Умра муҷаввиз дарёфт карда, худи имсол ду бор зоиронро ба ҳаҷҷи умра фиристодааст.

Ин дар ҳоле, ки як масъули ширкати "Тоҷикавиатур" мегӯяд, то ҳанӯз баъзе аз афрод ба онҳо муроҷиат мекунанд, то барои сафарашон ба Ҳаҷ мусоидат шавад.

Вале мегӯяд ӯ, солҳост, ки ширкати сайёҳии "Тоҷикавиатур" ва даҳҳо ширкати сайёҳии дигар дар кишвар аз ҳаққи фиристодани зоирон ба зиёрати Хонаи Худо маҳрум шудаанд.

Аммо оё ширкатҳои сайёҳӣ сафари зоирон ба Арабистони Саудиро ташкил кунанд беҳтар ё Кумитаи дин?

Сайид Иброҳими Назар, ки бо Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, дар замоне ки ширкатҳои сайёҳӣ зоиронро ба Ҳаҷ мебурданд, бесарусомонӣ мушоҳида мешуд. Вай мегӯяд, агар мақомоти расмӣ ҳоло ба бюрократияи худ хотима диҳанд, хуб аст, ки фиристодани зоирон аз тариқи ниҳодҳои давлатӣ анҷом гирад.

Бо ин ҳол, баъзе аз сокинон хадамоти ширкатҳои сайёҳиро дар мавриди ташкили сафари зоирон ба Ҳаҷ мусбат мешуморанд. Ин аст, ки дар чанд соли гузашта ва имсол низ баъзе аз ширкатҳо талош доранд, ки бо дарёфти квота аз Қазоқистону Қирғизистон ва инчунин Русия ба сафари зоирон ба Ҳаҷ мусоидат кунанд.

Яке аз панҷ аркон

Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини ислом буда, барои ҳар фарди мусулмон дар тамоми умр як бор фарз аст.

Агар ин фард низ ба балоғат расидаву тавоноӣ дошта бошад. Рӯҳониён мегӯянд, касе, ки ин тавоноиро дораду аз фарзи худо рӯ мегардонад, пас, аз дидгоҳи шариати ислом ҷурмеро муртакиб шудааст.

Аммо барои рафтан ба ҳаҷ низ уламо чанд шартеро пеш гузоштаанд ва мегӯянд, касе ки наметавонад ин шартҳоро риоя кунад, пас, барояш ҳаҷ воҷиб нест:

Аввал: мусалмон будан; Дуввум: болиғ будан; Саввум: оқил будан; Чаҳорум: озод будан; Панҷум: доштани молу сиҳҳатӣ ва амн будани роҳ ба сӯи Ҳаҷ, Шашум: будани маҳрам бо ҳамроҳии зан (ин шарт хос барои занҳост).

Мулло Абдураҳим, сархатиби масҷиди Умар ибни Абдулазиз дар Душанбе, ба ин шарт як илова мекунад ва мегӯяд, ин ҳаҷҷ набояд бо пуле, ки аз роҳи ҳаром ба даст омадааст, анҷом шавад.

Дилеро дарёб

Дар Тоҷикистон, ки баъди азҳампошии Шӯравӣ ҳамеша аз ҷумлаи фақиртарини кишварҳо будааст, теъдоди зиёди ҳаҷравандагон мақомотро дар ҳайрат андохтааст.

Дар бора худи раиси ҷумҳур ҳам ишора карда, соли гузашта аз зоирон даъват кард, ки ба ҷои ҳаҷ беҳтар аст, ба дармондагон кӯмак кунанд. Пас аз ин даъвати раиси ҷумҳур, чанд нафар аз рафтан ба ҳаҷ даст кашида, махориҷи ҳаҷи худро сарфи дармондагон карданд ва гуфтанд, ки Каъба чӣ равӣ, дилеро дарёб.

Вале Зубайдуллоҳи Розиқ, донишманди ислом дар Тоҷикистон, мегӯяд, сарфи махориҷи ҳаҷ барои камбизоатон агарчӣ аҷри зиёдеро дар пай дорад, вале ҷои ҳаҷро нахоҳад гирифт. Вай мегӯяд, беҳтар аст ин корро онҳое ба ҷо оранд, ки аллакай як бор ҳаҷ карда, фарзро ба ҷо овардаанд.

Ҳоҷӣ- Бобо ва Ҳоҷи- Бибӣ

Дар Тоҷикистон, ки ба гуфтаи мақомот бештар аз 90 дарсади сокинонаш аз дини ислом пайравӣ мекунанд, ба ҳоҷиён эҳтиром мегузоранд. Номи онҳо дар қатори номи эшонҳо, мавлавиҳо ва сайидзодаҳо бурда мешавад.

Масалан, ҳоло дар ҷомеаи Тоҷикистон ба касе, ки сахт эҳтиром доранд, агарчӣ ӯ ҳоҷӣ аст ё ҳоҷӣ нест, ҳатман ба ӯ унвони ҳоҷиро медиҳанд ва онҳоро ҳоҷӣ-бобо ё ҳоҷӣ-бибӣ мегӯянд.

Худи ҳоҷиён низ мегӯянд, агар аз як тараф адои ҳаҷ ба зиндагии шахсии онҳо бетаъсир набошад, аз тарафи дигар ба обрӯву нуфузи онҳо меафзояд.

Барои мисол, холаи Раҷабгул, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ду сол пеш аз ин ба ҳаҷҷи Акбар рафта буд. Ҳоло дар маҳаллаашон ӯро ба унвони ҳоҷибибӣ мешиносанд ва эҳтиром мегузоранд. Раҷабгул мегӯяд, дар маъракаҳо акнун ӯ бологузар асту ба мараъакадорон маслиҳатгар.

Аммо ба эътиқоди аксари онҳое, ки фаризаи Ҳаҷро ба ҷо оварда ва аз хонаи Худо зиёрат кардаанд, муҳимтарин натичаи сафари Ҳаҷ тағйиротест ки дар ботини инсон ба вуҷуд меояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG