Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ваксинзанӣ алайҳи зукоми хук дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон ваксинзанӣ алайҳи бемории зукоми хук идома дорад. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барои моякӯбии афроди осебпазир дар баробари ин беморӣ ба Тоҷикистон 670 ҳазор дона ваксина фиристодааст. Вазорати беҳдошт мегӯяд, ин миқдор барои моякӯбии 10 дар сади аҳолии Тоҷикистон кофист ва барои ваксин задани занони обистан, беморони мусрӣ, табибон ва кормандони мақомоти интизомӣ истифода мешавад. Маъракаи ваксинзанӣ алайҳи бемории зукоми хук, ки соли гузашта пайдо шуд, ду рӯз баъд 25 октябр хотима меёбад.
XS
SM
MD
LG