Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори мақомоти расмӣ ба Ҳизби Наҳзати Исломӣ


Мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд, гурӯҳе аз маъмурони амниятӣ ба қароргоҳи ин ҳизб ворид шуда ва аз ҳозиронаш хостаанд, ки дар ин маҳал намоз нагузоранд. Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҳизб ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса рӯзи ҷумъа, 22 октябр сурат гирифтааст ва мақомоти расмӣ ба онҳо гуфтаанд, ки намозгузорӣ дар қароргоҳи ҳизби сиёсӣ хилофи қонун аст. Мақомоти расмӣ то кунун дар ин маврид чизе нагуфтаанд. Чанде пеш баҳсе дар ҳамин замина миёни Ҳизби наҳзат ва мақомоти расмии Тоҷикистон сурат гирифта буд ва Кумитаи дини тобеъи ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки бар асоси қонуни нави дин, ибодати дастаҷамъӣ дар дохили қароргоҳи ҳизб мамнӯъ аст.
XS
SM
MD
LG