Пайвандҳои дастрасӣ

Эҳёи иқтисодии Арманистон кундтар шудааст


Ба гузориши бахши армании Радиои Озодӣ, эҳёи иқтисоди Арманистон моҳи гузашта бинобар коҳиши тавлидоти фаровардаҳои кишоварзӣ ва таъсири арсаи сохтмонӣ, кундтар шудааст. Рушди иқтисоди Арманистон дар моҳи гузашта, 2,8 дар садро ташкил додааст, агарчӣ ин рақам аз моҳи январ то сентябри соли равон 3,1 дар садро ташкил медод. Тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар Арманистон то 18 дар сад коҳиш ёфтааст ва мақомот, сабаби онро ҳавои номусоид барои кишоварзон хондаанд.
XS
SM
MD
LG