Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷузъиёти ҳамла ба қароргоҳи Созмони Милал дар Ҳирот


Мақомоти маҳаллӣ дар Афғонистон мегӯянд, дасти кам як бомбгузори интиҳорӣ ва чанд фарди мусаллаҳ ба қароргоҳи Созмони Милал дар шаҳри Ҳирот ҳамла карданд. Ҳамла то кунун идома доштааст ва ҳанӯз гузорише доир ба талафоти ҷонӣ нарасидааст. Сухангӯи намояндагии Созмони Милал дар Кобул, гуфт, ки онҳо аз ин ҳодиса дар дафтари созмон дар наздикии шаҳри Ҳирот огаҳ будаанд. Ба қавли ӯ теъдоди номаълуми кормандони Созмони Милал ҳангоми ҳамла дар дохили қароргоҳ будаанд ва ҳоло нерӯҳои афғон бинои онро муҳосира кардаанд.
XS
SM
MD
LG