Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтори Сандуқи Байналмилалии Пул ислоҳ мешавад


Мақомоти ниҳодҳои молии иқтисодҳои пешрафтаи ҷаҳон ба ислоҳот дар сохтори Сандуқи Байналмилалии Пул мувофиқат карданд, ки нақши кишварҳои бузурги дар ҳоли рушд дар тасмимгириҳои ин ниҳоди байналмилалии молиро бештар мекунад. Мегӯянд, ки баъди ислоҳот кишварҳои ба мисли Ҳинду Чин, дар Сандуқи Байналмилалии Пул соҳиби раъй ва саҳми бештар хоҳанд шуд, то қудрати иқтисодии онҳоро инъикос кунад. Доминик Страусс Канн, мудири иҷроияи ин ниҳоди нозир ба вазъи низоми молии ҷаҳон гуфт, ислоҳоти Сандуқи Байналмилалии Пул аз замони таъсисаш баъди Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум бузургтарин ислоҳот аст.
XS
SM
MD
LG