Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенати Фаронса тарҳи қонуни "дардовар"-ро тасвиб кард


Сенати Фаронса, тарҳи қонун барои ислоҳи низоми бознишастагиро тасвиб кард, ки ин тарҳ тазоҳуроту коршикании саросарӣ дар Фаронсаро барангехтааст. Баъди раъйгирии рӯзи ҷумъа дар сенат, акнун зарур аст, ҳар ду палатаи порлумони Фаронса тарҳи ислоҳи низоми бознишастагиро тасвиб кунанд ва он ҳукми иҷро бигирад. Иттиҳодияҳои коргарии Фаронса қавл додаанд, тазоҳурот алайҳи ислоҳотро идома хоҳанд дод, ки синни бознишастагиро аз 65 то ба 67 сол боло мебарад. Иттиҳодияҳои коргарӣ чунин ислоҳотро беадолатӣ нисбат ба коргарон медонанд, аммо ҳукумати Фаронса мегӯяд, бидуни ислоҳот низоми бознишастагӣ ба шикаст рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG