Пайвандҳои дастрасӣ

Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» нахуст дар бораи натоиҷи Мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба гуштии самбо барои дарёфти ҷоизаи ёдбуди ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов иттилоъ медиҳем.

Нахустин Мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба самбо барои дарёфти ҷоизаи ёдбуди ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов, ки дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии паҳлавонони пойтахти кишвар ба анҷом расид. Дар ин мусобиқа ҳудуди 200 паҳлавон аз ҳамаи манотиқи Тоҷикистон ва 5 нафар аз Узбакистон ширкат карданд.

Гуштигирони шаҳри Душанбе, ки дар ҳамаи вазнҳо ғолиб шуданд, соҳиби 9 медали тилло гардиданд. Инчунин душанбегиҳо 5 медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Паҳлавонони Узбакистон бо 2 медали нуқра ва 2 медали бириинҷӣ ҷои дуввумро гирифтанд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни худ гуштигирони Душанбе Акмолиддин Каримов, Олимҷон Зикаев, Миралӣ Муҳибуллоев, Фаррух Собиров, Сӯҳроб Раҳимов, Сайвалӣ Ҳалимов, Раҳматулло Абдуллоев, Набимуҳаммад Хоркашев ва Зиёратшо Баротов ҷойҳои аввалро касб карданд.

Ғолибони мусобиқа бо ҷому медалҳо, диплому вимпелҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Федеросиюни гуштии самбои кишвар, инчунин, тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (моҳвора, телевизор ва либоси варзишӣ) сарфароз гаштанд.

Азбаски Саидмӯъмин Раҳимов моҳи сентябри соли 1975 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо дар шаҳри Мински Беларус дар рақобатҳо дар вазни то 100 килограмм ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфта буд, ғолиби мусобиқаи байнулмилалӣ дар ин вазн Набимуҳаммад Хоркашев, паҳлавони 23-солаи тоҷик, ҳамчунин, бо мукофоти пулӣ ба маблағи 2000 сомонӣ мукофотонида шуд.

Ин мусобиқа барои паҳлавонони тоҷик як навъ санҷише буд пеш аз мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз 4-ум то 8-уми ноябри соли равон дар пойтахти Узбакистон – шаҳри Тошканд баргузор мешавад.

Дар ин барнома сӯҳбате дорем бо паҳлавони маъруфи тоҷик Набимуҳаммад Хоркашев.

Сипас ба мухлисони футбол дар бораи ширкати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 16-сола, ки аз 24-уми октябр то 7-уми ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, нақл мекунем. Дар ин бора мусоҳибаи мо бо Зоир Бобоев, сармураббии дастаи наврасони Тоҷикистон, ба шунавандагон пешкаш мешавад.

Дар ин барнома, инчунин, шунавандагон бо хабарҳои тозаи варзиши ҷаҳон ошно мешаванд.

XS
SM
MD
LG