Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Намунаи адабиёти тоҷик», асари Устод Садриддин Айнӣ, пас аз 80 сол дубора бо ҳуруфи сириллик ба нашр расид ва рӯзи ҷумъа дар толори Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон дар ҳузури аҳли адаби тоҷик варақ зада шуд.

Ин китоби Устод Айнӣ бо кӯшиши Камолиддин Айнӣ, фарзанди зиндаёди Садриддин Айнӣ, омода ва бо пуштибонии молии Бунёди Сорос аз дасти чоп баромад.

Дар ҳамоиши аҳли адаби тоҷик ба муносибати нашри китоб раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, шоираи номдор Гулрухсор ва нависанда Абдулҳамид Самадов роҷеъ ба аҳамият ва арзиши таърихӣ, миллӣ ва фарҳангии «Намунаи адабиёти тоҷик» сӯҳбат карданд.

Аҳли адаб ва сиёсатмадорону рушанфикрони тоҷик нақши китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» дар ҳифзу муаррифӣ ва дифоъи ҳайсияту арзишҳои миллии халқи тоҷикро бо китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ҳампоя медонанд.

Посухи дандоншикан ба пантуркистҳо

Ба навиштаи таъринависони тоҷик, «Намунаи адабиёти тоҷик» бори нахуст дар соли 1925 дар замоне, ки ба қавли Муҳаммадҷон Шакурии Бухорой, бегонагон, ба хусус пантуркистҳо, на танҳо адабиёту забони тоҷикӣ, ҳатто мавҷудияти халқи тоҷикро инкор мекарданд, навишта шуда ва сипас бо талошҳои устод Лоҳутӣ бо теъдоди 5000 нусха соли 1926 дар Маскав ба табъ расид, вале хеле зуд аз байн бурда шуд. Ҳануз ҳам сабаби аслии маҳви ин китоб рушан нест. Маҳз дар ҳамин давра ин асари устод Айнӣ то андозае ба дарди миллати тоҷик даво бахшид.

Ба қавли таърихнигорони тоҷик, пантуркистон забони тоҷикиро маҳв карданӣ буданд. Мактабҳоро ӯзбакӣ мекарданд, тоҷиконро ба мансабҳои давлатию ҳизбӣ роҳ намедоданд, матбуоти тоҷикро мебастанд. Ин дардҳо устод Айниро ба навиштани “Намунаи адабиёти тоҷик” ҳидоят кард. Айнӣ бо навиштани ин китоб гӯиё рисолати фарзандии худро иҷро намуд.

Садриддин Айнӣ аз 2 марти соли 1925 то 12 октябри соли 1925 болои “Намунаи адабиёти тоҷик” заҳмат кашид. Табиист, ки устод Айнӣ зимни таълифи китоб аз сарчашмаҳо низ истифода мебурд. Тибқи гуфтаи аҳли таҳқиқ, дар навиштани ин асар ӯ аз 63 манбаъ, 17 баёз ва чандин китобу дастхатҳо истифода бурдааст. Дар он солҳо дар Тоҷикистон ва Узбакистон нашриёти қодир ба чопи ин гуна асари азим мавҷуд набуд.

Раҳнамои миллат дар айёми носозгориҳо

Ҷомеашиносон ва таърихнигорон мегӯянд, устод Айнӣ дар ин асар ба чор масъалаи бунёдии рӯз дар ибтидои солҳои бистуми қарни гузашта равшанӣ андохтааст: исботи мавҷудияти таърихии халқи тоҷик ва забону адабиёти он; тарғиби омӯзиши мероси адабӣ; ташвиқи нерӯҳои нав ба кори эҷодӣ. Ҳарчанд аввалин зарбаҳоро ба пантуркистон нашрияи “Шӯълаи инқилоб” зада буд, аммо Айнӣ ин зарбаҳоро ба шеваи хос зад.

Садриддин Айнӣ дар “Намунаи адабиёти тоҷик” ин ақидаро рад карда, боифтихор менависад: “Аз бозе, ки вақоеъро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳр ва Туркистон чунон як қавми муаззам бо номи тоҷик истиқомат дорад, ҳамчунон забон ва адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст”. Айнӣ поёнтар чунин қайд мекунад: “Пас маълум мешавад, ки ривоҷи забон ва адабиёти тоҷик дар ин ҷойҳо маҳз ба сабаби тасаллути Сомониён, ё ки муҳоҷирати эрониён набуда, сабаби ҳақиқӣ мавҷудияти як қавми бузург ба номи тоҷик, ки мансуб ба ирқи орист, дар ин ҷойҳост”.

Баъдтар ин китоб аз ҷониби муҳаққиқон ва донишмандони Эрону Афғонистон ва Покистон баҳои баланд гирифт. Устод Лоҳутӣ ин асарро “беҳтарин намунаи сайри тараққии адабии тоҷикон” номида буд.

Ҳоло ин китоби арзишманд бо муаррифии ҷадид дубора бо нашри 500 нусха ба дасти хонандагон расид. Бунёди Айнӣ иттилоъ дод, ки бо теъдоди 5000 нусхаи дигар «Намунаи адабиёти тоҷик» дар Эрон ба нашр раидааст. Ва Бунёди Сорос тасмим гирифтааст, боз аз нав ин китобро ба чоп расонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG