Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду корманди марзбонӣ дар Тоҷикистон зиндонӣ шуданд


Додгоҳи низомии вилояти Хатлон ду корманди масъули нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистонро барои қочоқи маводи мухаддир ва сӯйистифода аз мақом маҳкум ба зиндон кард. Прапоршик Маҳмадалӣ Абдуллоев 17 сол ва капитан Садриддин Муродалиев 12 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Боқӣ Абдуллоев-масъули Ожонсии зидди маводи мухаддир дар вилояти Хатлон, гуфт:

"Ҳар як гурӯҳи муташаккил, албатта, бо қочоқбарони ҷумҳурии исломии Афғонистон робитаи зич дорад".


Ин ду нафар дар қочоқи маводи мухаддир бо қочоқбарони афғон ҳамкорӣ доштаанд.
XS
SM
MD
LG