Пайвандҳои дастрасӣ

Русия мехоҳад ба лулаи гази ТАПҲ ҳамроҳ шавад


Игор Сечин-муовини нахуствазири Русия рӯзи ҷумъа дар Туркманистон изҳор дошт, ки ширкати давлатии "Газпром"-и Русия метавонад ба сохтмони лулаи гази Туркманистон-Афғонистон-Покистон- Ҳиндустон бипайвандад. Сечин, ки дар боздиди Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия аз Туркманистон бо вай ҳамроҳӣ мекунад, дар бораи имкони пайвастани кишвараш ба сохтмони ин лулаи газ сӯҳбат кард. Ин лула метавонад 33 миллиард метри муккааб гази Туркманистонро ба Покистону Ҳиндустон интиқол диҳад. Қарор аст, раҳбарони панҷ кишвари ҳошияи Хазар Озарбойҷону Қазоқистон, Русияву Туркманистон ва Эрон дар Боку бо ҳам мулоқот ва мақоми ҳуқуқии Дарёи Хазарро баррасӣ кунанд. Медведев гуфт, ин 5 кишвар метавонанд бидуни ширкати кишварҳои дигар роҳҳои истифода аз захоири Хазарро пайдо кунанд.
XS
SM
MD
LG