Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намояндагони матбуоти мустақили Тоҷикистон зимни як нома ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостори расидагӣ ва кӯмаки ӯ дар таъмини озодии баён дар кишвар шудаанд. Дар ин муроҷиатнома аз президент ба унвони кафили ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон, аз ҷумла “ҳуқуқ барои фаъолияти касбии кормандони васоити ахбори омма” дархост шудааст, ки вазъи дар атрофи матбуоти мустақил баамаломадаро мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Хабарнигорони тоҷик мегӯянд, шурӯъ аз рӯзи 29 сентябри соли ҷорӣ дастрасӣ ба ду расонаи интернетии ватанӣ - www.avesta.tj ва www.tojnews.tj - ба таври ғайриқонунӣ маҳдуд шуда, ҳамзамон, дар як қатор нашрияҳои мустақил ва чопхонаҳо санҷиши мақомоти андоз оғоз шудааст.

Илова ба ин, аз оғози моҳи октябр се ҳафтаномаи мустақил - «Фараж», «Пайкон» ва «Нигоҳ» аз чоп мондаанд. Дар муроҷиатнома инчунин гуфта мешавад, ки масъулини Вазорати мудофиа, Кумитаи телевизион ва радио, Вазорати нақлиёт, Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилорасонӣ рўзноманигорон ва нашрияҳоро ба иғвогарӣ ва ҳамкорӣ бо террористон маҳкум карда, ҳуқуқи журналистонро ба фаъолияти касбӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандонро ба дастрасии иттилоотро поймол мекунанд.

Зафар Абдуллоев, раиси оҷонсии Авеста ва як узви “Кумитаи 29-уми сентябр”, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар нома ба президент онҳо ҳамаи мушкилоти ахири матбуоти мустақилро хулоса карда, аз ӯ хостаанд, ки дар фароҳам овардани фазои “пешини мусоид барои озодии баён дар Тоҷикистон” кӯмак кунад. Аз дар посух ба суол дар мавриди он, ки чаро намояндагони матбуоти мустақил маҳз аз президенти кишвар чун нафари охирин ва ҳалкунанда дар ин масъала интихоб кардаанд, Зафар Абдуллоев гуфт:

“Ман шахсан фикр намекунам, ки ин танҳо имконияти ҳалли вазъи баамаломада буда, мо бояд танҳо ба ӯ муроҷиат кунем. Аммо ба хотири ин ки дар оянда ба мо касе аз атрофиёни президент нагӯянд, ки мо ӯро дар ҷараён нагузоштем, ин корро мекунем. Аз сӯи дигар, ин паёмест ба ҷомеаи Тоҷикистон ва хориҷ аз он, ки мо дар ҳолати баамаломада хомӯш нестем ва ба як иқдом қонунӣ ва созанда даст мезанем. Илова ба ин, мо бо намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҳам дар миёни худ машваратҳо доир мекунем, ки иқдоми баъдии мо чӣ бошад”.

Зафар Абдуллоев гуфт, бисёр умедвор аст, ки дар ниҳоят масъалаи матбуот бо кӯмаки нирӯҳои дохили кишвар ҳалли худро пайдо мекунаду ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳам сохторҳои давлатӣ ба пуштибонии матбуот садо баланд мекунанд. Вай таъкид кард, ки дар сурати идомаёбии муборизаи онҳо барои барқарор кардани муҳити оддии озодии баён “танҳо аз тадбирҳои қонунӣ”-и ғайрисиёсӣ ва орӣ аз ҳама гуна тундравӣ кор гирифта хоҳад шуд.

Баъди сар задани мушкили атрофи маҳдудшавии дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии хабаррасон ва ҳам баъди ҳамлаҳои вазорати дифоъ ба матбуот ва муттаҳамкунии онҳо дар кӯмак ба террористон, намояндагони матбуоти мустақил барои расидагӣ ба мушкили худ бо мушовири раёсатҷумҳурӣ дар умури матбуот Саидмурод Фаттоев муроҷиат карда буданд. Вале ҳеҷ посухе аз ҷониби ӯ ва ё дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ дарёфт нашуд. Зафар Абдуллоев мегӯяд, ин як “бархӯрди суннатии” мақомоти Тоҷикистон аст ва аз ин кор онҳо ноумед нашуда талош мекунанд, ҳарфи худро ба президент расонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG