Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиатномаи рӯзноманигорони тоҷик ба раиси ҷумҳур


Имрӯз рӯзноманигорони Тоҷикистон ба нишонии Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон номае ирсол доштанд. дар он омадааст:
"Мо, журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз вазъи ба вуқўъомада дар муҳити иттилоотии кишвар изҳори нигаронӣ намуда, ба Шумо, - ҳамчун кафили ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, аз ҷумла, ҳуқуқ барои фаъолияти касбии кормандони васоити ахбори омма, муроҷиат менамоем.Мутаассифона, шурўъ аз 29-уми сентябри соли ҷорӣ, дастрасӣ ба ду расонаи интернетии ватанӣ - www.avesta.tj ва www.tojnews.tj ба таври ѓайриқонунӣ маҳдуд шуда, ҳамзамон, дар як қатор нашрияҳои мустақил ва чопхонаҳо, санҷиши мақомоти андоз оѓоз гардид. Дар нимаи аввали моҳи октябр бошад, нашри се ҳафтаномаи мустақил: «Фараж», «Пайкон» ва «Нигоҳ» қатъ шуд.
Дар баробари ин, ашхоси мансабдор аз Вазорати мудофиа, Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилооттонӣ аз доираи салоҳиятҳои худ берун баромада, бидуни қарори мақомоти суд рўзноманигорон ва нашрияҳоро ба иѓвогарӣ ва ҳамкорӣ бо террористон маҳкум намуда, ҳуқуқи журналистон ба фаъолияти касбӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон ба дастрасӣ ба иттилоотро худсарона поймол карданд. Ин амали онҳо боис гашт, ки нисбати ВАО ва журналистон муносибати хусуматомез ва ноодилона ба вуҷуд ояд. Вобаста ба вазъи рухдода, роҳбарони нашрияҳои мустақил ва созмонҳои журналистии кишвар ба унвони Мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Саймурод Фаттоев барои баррасии масъала ва ҳалли мушкилот муроҷиат намуданд, вале то ҳол посухе нагирифтаанд. Табиист, ки ин амалҳои ѓайриқонунӣ боиси вокуниши як қатор созмонҳои байналхалқӣ ва намояндагони корпуси дипломатӣ гардид. Ин ҳам дар ҳоле ки ҷумҳурии мо аз нигоҳи таъмини озодии баён дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишѓол мекард. Акнун, қазияи бавуҷудомада метавонад сабаби дар Соли маориф ва фарҳанги техникӣ «душмани интернет» эълон шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коҳиш ёфтани обрўи давлатдории миллии мо гардад. Мо бо дарки масъулияти хеш дар назди ҷомеа, ҷонибдори ҳалли ҳамагуна қазия дар чаҳорчўбаи қонунгузории миллӣ ва меъёрҳои байналмиллалӣ ҳастем ва ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бовар дорем. Бинобар ин, аз Шумо ҳамчун кафили ҳуқуқҳои касбии журналистон ва ҳуқуқи шаҳрвандон ба иттилоот, хоҳиш менамоем ин қазияро мавриди баррасӣ қарор дода, барои таъмини озодии сухан дар Тоҷикистон мусоидат намоед"
XS
SM
MD
LG