Пайвандҳои дастрасӣ

Туркманистон ба Русия бештар газ содир мекунад


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон ба Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия, ки машғули боздид аз Туркманистон аст, изҳор дошт, ки кишвараш омода аст бештари гази табии худро ба Русия содир кунад. Ин ду раҳбар дар каронаи Дарёи Хазар дар шаҳри Туркманбошӣ бо ҳам ҳамкориҳои дуҷонибаи энержиро баррасӣ мекунанд. Дар гузашта Туркманистон ба Русия соле 40 миллиард метри муккааб газ содир мекард. Вале мубоҳисот пиромуни нархи фурӯши газ дар соли гузашта сабаб шуд, ки Русия гази Туркманистонро хеле камтар харидорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG