Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзи хориҷии Тоҷикистон 1,8 миллиард доллар шудааст


Бино ба иттилои хабаргузории "Авеста", қарзи хориҷии Тоҷикистон тақрибан 1 миллиарду 800 миллион долларро ташкил медиҳад, ки он ба 31,8 дарсади даромади нохолиси мидллӣ баробар аст. Дар ин бора Сафаралӣ Наҷмиддинов-вазири молияи Тоҷикистон дар ҷаласаи порламон хабар дод. Оқои Наҷмиддинов гуфтааст, агар қарзи хориҷӣ ба 41 дарсади даромади нохолиси миллӣ баробар шавад, дар он сурат будҷаи давлат зери хатар хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG