Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобии олимпӣ ва Ҷоми даъвати AFC


Дар қароргоҳи Конфедеросиюни футболи Осиё қуръакашии сабқати интихобии Бозиҳои олимпӣ дар Лондон ва Ҷоми даъвати AFC – 2012 баргузор шуд.


ЛОНДОН-2012: Тоҷикистон - Уммон

Тими Уммон рақиби дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар даври аввали сабқати интихобии Бозиҳои олимпӣ гардид. Бозии аввал 23-юми феврали соли 2011 дар шаҳри Масқат ва бозии ҷавобӣ, 9-уми март дар шаҳри Душанбе доир хоҳанд шуд.

Ҳамагӣ 35 дастаи мунтахаб барои ширкат дар мубориза ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон дархост пешниҳод кардаанд. Дар оғози сабқат 22 дастае, ки аз рӯи натоиҷи мусобиқоти пешин рейтинги пасттар доранд, бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. 11 дастаи ғолиб ба рӯйхати 13 тими дигар дохил шуда, дар даври дуввум дувоздаҳ ҷуфтро ташкил медиҳанд. Баъдан ғолибон бар асоси қуръакашӣ ба се гурӯҳ тақсим мешаванд.

Ғолибони гурӯҳҳои интихобӣ ба сабқати ниҳоии футболи Олимпиадаи Лондон роҳхат мегиранд. Дастаҳое, ки ҷойҳои дуввумро соҳиб мешаванд, дар сабқати изофии даврагӣ ширкаткунандаи плей-оффи байниқитъавиро муайян мекунанд. Умуман, ба сабқати мардонаи футболи Бозиҳои олимпӣ, AFC 3,5 ҷой мегирад.

НАТОИҶИ ҚУРЪАКАШИИ САБҚАТИ ИНТИХОБИИ ОСИЁИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ СОЛИ 2012:

Уммон – Тоҷикистон
Тайланд – Фаластин
Урдун – Тайван
Яман – Сингапур
Кувайт – Бангладеш
Малайзия – Покистон
АМА – Шри-Ланка
Ҳиндустон – Мянмар
Индонезия – Туркманистон
Эрон – Қирғизистон
Ҳонконг – Молдив

ҶОМИ ДАЪВАТИ AFC: Тоҷикистон дар гурӯҳи С

Аз рӯи натоиҷи мусобиқоти пешин, ки соли 2010 баргузор шуд, рақибони 20 даста дар Ҷоми даъвати AFC муайян шуданд.
Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар сабқати интихобии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё дар гурӯҳи С бо дастаҳои Молдив, Қирғизистон ва ғолиби ҷуфти Камбоҷа-Макао рақобат хоҳад кард. Сабқати гурӯҳӣ аз 20-ум то 31-уми марти соли 2011 дар майдони яке аз иштирокдорони гурӯҳ баргузор мешавад.

Гурӯҳи А: Мянмар, Фаластин, Бангладеш, ғолиби плей-оффи 2.
Гурӯҳи В: Туркманистон, Ҳиндустон, ғолиби плей-оффи 3, Покистон.
Гурӯҳи С: Тоҷикистон, Молдив, ғолиби плей-оффи 4, Қирғизистон.
Гурӯҳи D: Кореяи Шимолӣ, ғолиби плей-оффи 1, Непал, Шри-Ланка.

Бозиҳои интихобӣ ё квалификатсионӣ:
Раунди 1 (9 и 16 феврали соли 2011)
Плей-оффи 1: Бутан – Афғонистон.
Плей-оффи 2: Филиппин – Муғулистон.
Плей-оффи 3: Тайван – Лаос.
Плей-оффи 4: Камбоҷа – Макао.
XS
SM
MD
LG