Пайвандҳои дастрасӣ

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гузориши рӯзномаи "Вашингтон Пост"-ро дар бораи талоши Эрон барои таъсиси бонкҳое дар кишварҳои исломӣ бо ҳадафи дур задани таҳримҳои байналмиллалӣ тайид карда ва онро нишондиҳандаи таъсиргузор будани таҳримҳо донистааст.

Ба гузориши хабаргузори Фаронса, Марк Таннер, яке аз сухангӯёни вазорати умури хориҷаи Амрико рӯзи панҷшанбе гузориши рӯзномаи "Вашингтон Пост"- ро дар бораи талоши Эрон барои таъсиси бонкҳое ба манзури беасар кардани таҳримҳои тайид кардааст.

Эрон дар талоши камасар кардани таҳримҳо

Рӯзномаи амрикоии "Вашингтон Пост" рӯзи чаҳоршанбе дар гузорише ба нақл аз мақомҳои олирутбаи давлати Амрико навишта буд, Эрон барои дур задани таҳримҳои байналмиллалӣ талош мекунад ба таври махфиёна бонкҳое дар кишварҳои исломӣ таъсис кунад.

Бар асоси ин гузориш, ин бонкҳо дар кишварҳое монанди Ироқ ва Малайзия ва бо истифода аз номҳои сохтагӣ таъсис мешаванд ва ҷузъиёти вобаста ба моликияти онҳо ифшо намешавад.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико дар посух ба ин пурсиш, ки оё ин гузоришро тайид мекунад ё на, гуфтааст : «Ин чизи тозае нест ва мо пештар низ шоҳиди талошҳои онҳо дар ин росто будем»

Марк Таннер ҳамчунин афзудааст : «дар воқеъ ин масъала дар сархати гуфтугӯҳои мо бо муттаҳидон ва шариконамон дар минтақа ва соири нуқоти ҷаҳон қарор дорад ва ба назари мо ин амр нишондиҳандаи он аст, ки таҳримҳо(алайҳи Эрон) таъсиргузор ҳастанд.»

Таҳримҳои фарогир алайҳи Эрон

Ба дунболи тасвиби охирин қатъномаи таҳримии Шӯрои Амнияти СММ алайҳи Эрон, ки дар моҳи июни ҳамин сол сурат гирифт, ИМА ва ИА низ таҳримҳои якҷонибаи дигаре алайҳи Эрон эъмол карданд, ки ба маротиб фарогиртар аз таҳримҳои Шӯрои Амният аст.

Афзун бар таҳримҳои Шӯрои Амният ва низ таҳримҳои якҷонибаи Амрико ва ИА, кишварҳое монанди Канада, Австаралия, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ низ ҳар кадом маҳдудиятҳои якҷонибаи тозае дар муносибатҳои тиҷории худ бо Эрон дар назар гирифтаанд.

Мамнуъияти сармоягузорӣ дар бахши нафт ва гази Эрон, мамнуъияти фурӯши таҷҳизот ва колоҳои дорои корбурди дугона ва низ маҳдудиятҳои бонкӣ, аз ҷумла мавориде аст, ки дар таҳримҳои тоза алайҳи Эрон ҷой дода шудааст.

Дар ин миён, давлати ИМА бо фиристодани намояндагони худ ба кишварҳои мухталиф талош кардааст то, ки ин кишварҳоро барои иҷрои комили таҳримҳои тоза алайҳи Эрон мутақоид созад, ки дар ҳамин росто ба тозагӣ ҳамоҳангсози таҳримҳо алайҳи Эрон дар вазорати хазонадории Амрико, ба кишварҳои Туркия ва Озарбойҷон сафар кардааст.

Аз сӯи дигар, ба навиштаи рӯзномаи "Вашингтон Пост", вазорати хазонадории Амрико 16 бонки эрониро ба далели мушорикат дар барномаи ҳастаии Эрон ва «фаъолиятҳои террористӣ» дар рӯйхати сиёҳи худ қарор дода ва кишварҳое монанди Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ низ ба гирифтани тадбирҳо алайҳи бонкҳои Эрон дар ин замина аз Амрико дунболаравӣ кардааанд.

Амрико: "Эрон муваффақ нахоҳад буд"

Ҳамчунин яке аз мақомҳои олирутбаи амрикоӣ бо баёни ин, ки Эрон дар таъсиси банкҳои тоза муваффақ нахоҳад буд, ба рӯзномаи "Вашингтон Пост" гуфтааст : «мехоҳанд дар ҷойҳои мухталиф бонк бихаранд ва бонк таъсис кунанд, дар ҷойҳое, ки тасаввур мекунанд метавонанд бидуни эҷоди мушкилот аз сӯи Амрико муомилоти худро анҷом диҳанд.»

Ин рӯзнома ба нақл аз яке аз мақомҳои давлати Ироқ низ афзудааст, Эрон то ба ҳол дастакам ду бонк дар шаҳри Бағдод таъсис кардааст, ки «яке аз онҳо бо бонки миллӣ иртибот дорад»

Ба гуфтаи ин мақоми ироқӣ, Теҳрон ҳамчунин талош кардааст дар минтақаи Курдистони Ироқ низ бонк таъсис кунад, аммо дар ин замин ноком мондааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG