Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои тирандозии Тоҷикистон


Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр дар шаҳри Душанбе бо пирӯзии варзишгарони пойтахти кишвар ба анҷом расид.

Дар сабқати мардон душанбегӣ Георгий Багдасаров ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Ҳамшаҳриҳояш Сергей Бабиков ҷои дуввум ва Фахриддин Муҳиддинов ҷои севумро касб карданд.

Дар сабқати занон Татяна Набиева (Душанбе) ғолиб шуд. Зарина Бабикова (Душанбе) дар ҷои дуввум ва Муяссар Қодирова (вилояти Суғд) дар ҷои севум қарор гирифтанд.

Дар ҳисоби дастаӣ тими Душанбе-1 ҷои аввалро соҳиб шуд. Дастаи вилояти Суғд мақоми дуввумро касб намуд. Дастаи Душанбе-2 ҷои севумро азони худ кард.

Ба иттилои Олег Набиев, мураббии калони дастаи мунтахаби тирандозии Тоҷикистон, ин мусобиқа барои варзишгарони тоҷик як марҳилаи омодагиҳо ба Бозиҳои 16-уми осиёӣ маҳсуб мешуд.
XS
SM
MD
LG