Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи маҳдудият дар чопи нашрияҳои мустақил


Қарор буд рӯзи панҷшанбе шумораи навбатии нашрияи "Нигоҳ" чоп шавад ва ба дасти хонандагонаш расад. Вале ба дунбони нашрияҳои "Фараж" ва "Пайкон" ин нашрия низ аз чоп монд, нашрияе, ки 14-уми декабри соли 2006 таъсис ёфт ва то ба ҳол ба теъдоди 6 ҳазор нусха ба чоп мерасид.

Ин нашрия низ дар сафаҳоти худ мисли нашрияҳои дигари мустақил дар бораи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва вазъи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мақолаҳо нашр мекард.

Ҳамкории камранги давлат бо рӯзномаҳои мустақил

Муассисони ин нашрия мегӯянд, ҳар сол як ё ду дафъа онҳо дар чопи нашрияи худ ба мушкил дучор мешуданд ва аз чоп мондани шумораи кунуниро мушкили навбатӣ ва шояд чун ҳарвақта гузаранда арзёбӣ мекунанд. Вале ба чоп нарасидани шумораи навбатии "Нигоҳ" ва ҳамчунон маҳрум мондани нашрияҳои "Фараж" ва "Пайкон" аз чоп дар чопхонаи давлатии "Шарқи Озод" ва чопхонаҳои дигар, миёни нашрияҳои мустақил ва ҳукумат як навъ фосила ба вуҷуд овардааст. Ҳоло ин нашрияҳо ва сомонаҳои интернетии "Авеста", "tjknews.tj", "Centrasia.ru" ва "Fergana.ru" дар Тоҷикистон ба маҳдудият дучор шудаанд.

Нуриддин Қаршибоев-раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, дар марҳилаҳое давлат ва нашрияҳо аз манфиатҳои миллӣ ҷонибдорӣ мекарданд ва дар ин замина мавзеъгирии яксон доштанд. Дар чунин мароҳил, давлат аз хидмати нашрияҳои мустақил истифода мекард ва ҳамеша ин нашрияҳо аз иқдоме, ки ба нафъи мардуми Тоҷикистон буд, дифоъ мекарданд.

Оқои Қаршибоев дар ин маврид чопи мақолаҳо дар бораи банд мондани вагонҳои бору колои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон ва ҷамъ овардани сармояҳо барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғунро дар назар дорад. Вале оқои Қаршибоев мегӯяд, чунин ҳамкорӣ дар як моҳи ахир мушоҳида намешавад:

"Дар як моҳи ахир манфиатҳои ҳукумат, манфиатҳои давлати Тоҷикистон ва мардуми Тоҷикистон, ба андешаи нашрияҳои мустақил, мувофиқ наомад, яъне вақте, ки дар ҳодисаҳои Камароб 25 нафар навҷавонон кушта шуданд ва он боиси таассуф асту барои миллат фоҷеа дониста мешавад, нашрияҳои мустақил аз иқдоми дуруст тарҳрезинашудаи вазорати дифоъ назари интиқодӣ доштанд. Қабл аз ин, дар бораи пулакӣ шудани истифодаи роҳҳои Тоҷикистон ва пайдо шудани як ширкате, ки фақат ба чидани пул машғул аст ва намедонад, ки соҳиби ин ширкат кист ва ҳамеша дар бораи сирри тиҷорат ҳарф мезанаду дар назди мардуми Тоҷикистон, ки ҳуқуқи онҳо барои бемалол саёҳат кардан ва рафту омад дар ҳудуди ҷумҳурии Тоҷикистон поймол шудааст, як монеаи дигаре эҷод шудааст. Аз ин қабил мушкилот нашрияҳои мустақил ҳарф заданд. Ва ҳамчунин дар бораи маблағҳои ҳангуфте, ки аз ҷониби ТАЛКО ба куҷо рафтанаш маълум нест. Чаро ин қадар нерӯи зиёди барқро истифода мекунаду дар сурате, ки мардуми кишвар ба бӯҳрони энержӣ мувоҷеҳ аст, касе намедонад, ки аз истеҳсоли алюмин ба будҷаи Тоҷикистон чӣ қадар ворид мешавад. Ин чизҳо сабаб шуд ва ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад озодии матбуотро, нашрияҳои мустақилро дар Тоҷикистон маҳдуд созад".

Он гуна, ки оқои Қаршибоев ва коршиносони дигари матбуотӣ мегӯянд, мухолифати матбуоти мустақил ва ҳукумат аз он шурӯъ шудааст, ки Шералӣ Хайрӯллоев-вазири дифои Тоҷикистон баъзе рӯзноманигорони мустақилро дар робита бо рӯйдодҳои шарқи Тоҷикистон муттаҳам кард ва гуфт, онҳо дар сафаҳоти нашрияҳои худ аз тундгароӣ ҳимоят мекунанд.

Иброҳим Усмонов
Оё ин мавқифи расмии ҳукумат аст?


Вале Иброҳим Усмонов-коршиноси матбуотӣ мегӯяд, нуқтаи назари вазири дифоъро наметавон мавзеъгириии ҳукумат арзёбӣ кард:

"Гап ҳанӯз ҳам дар бораи муносибати байни вазири мудофиа ва воситаҳои ахбори омма меравад. Ба ин ҳукумати марказии Тоҷикистон дахолат надорад. Вобаста ба нашри ҳамин чанд рӯзнома, ҳеҷ кас ҳеҷ чизро манъ накардааст".

Бо вуҷуди ин, оқои Усмонов меафзояд, ҳар гуна мухолифати ҳукумат бо матбуот қобили дасгирӣ нест ва он метавонад сабаби ранҷиш низ шавад:

" Ҳар гуна мухолифат бо якдигар, ҳоҳу нохоҳ сабаби дурӣ аз ҳамдигар мешавад. Ин сабаби ранҷиши матбуот аз қудратҳо шуданаш мумкин аст".

"Матбуот аз сиёсати миллӣ ҳимоят кардааст"

Хуршеди Атоулло-сардабири нашрияи "Фараж" мегӯяд, ҳамин нашрияҳои мустақил, ки акнун дар чопи онҳо маҳдудият пеш омадааст, дар бораи задубандҳои миёни Узбакистону Русия дар бораи Тоҷикистон мақолаҳо чоп карда буданд ва аз давлат ҳимоят мекарданд:

"Далели мушаххас аст, ки дар давоми 19 соли истиқлолият, фақат ҳамин рӯзномаҳое, ки имрӯз нашр намешаванд, ба ин ноил шуданд, ки садояшонро то ба Кремл расонанд ва "сазовор"-и як нотаи бисёр шадид-ул-лаҳни сафорати Русия дар Тоҷикистон ҳам шаванд. Силсиламақолаҳое, ки аз ҷумла дар "Фараж" зери унвони "Ало, Кремл..." чоп шуд, вобаста буд ба гуфтушуниди миёни президенти Русия Медведев ва президенти Узбакистон Ислом Каримов дар Тошканд".

Хуршеди Атоулло,сардабири "Фараж"
Хуршеди Атоулло дар бораи маҳдудияти чопи ин се нашрия фарзияи наверо пешниҳод кард ва бо лаҳни мусолиматомез гуфт, шояд дар сохторҳои расмии ҳукумат гурӯҳе ҳаст, ки мехоҳад миёни ҳукумат ва нашрияҳои мустақил тухми нифоқ корад ва ҳамкороиҳоеро, ки ин нашрияҳо бо давлат доштанд, аз байн бибарад:

"Ин ҷо шояд мавзеъгирии шахсиятҳо ё гурӯҳҳои алоҳидае дар ҳукумати Тоҷикистон бошад ва метавон чунин тахмин ҳам зад, ки онҳо намехоҳанд воситаҳои ахбори мустақил аз сиёсати миллӣ ҳимоят кунад".

Нигаронӣ аз фишори афзоянда ба матбуоти мустақил

Бо вуҷуди ин, созмонҳои байналмиллалии дифоъ аз озодии матбуот дар як ҳафтаи ахир борҳо ба ҳимоят аз нашрияҳои мустақил, ки дар Тоҷикистон зери фишор омадаанд, садо баланд карданд. 18-ӯми октябр Дуня Миатович-намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот дар Венаи Австрия зимни номае ба Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз ташдиди фишор бар матбуоти мустақил изҳори нигаронӣ кард ва навишт:

"Бастани сафҳаҳои интернетӣ, чоп накардани нашрияҳо, тафтишҳои молиётӣ ва додситонӣ намунаи ҷиддии нақзи ӯҳдадориҳо дар бахши озодии воситаҳои ахбори умум аст, ки Тоҷикистон бо САҲА дорад".

Гузоришгарони бидуни марз марказаш дар Порис низ ин ҳафта гузориши солонаи худро ба нашр расонд ва дар он Тоҷикистон дар зинаи 115 қарор дорад. Вале Элза Виттал-раиси бахши аврупоии ин марказ гуфт, гузориши онҳо то моҳи сентябрро дар бар мегирад ва вазъи озодии матбуот баъд аз он бадтар шудааст:

“Дар асл вазъи куллии озодии матбуот дар Тоҷикистон назар ба нишондодҳои индекси имрӯз нашршудаи ба маротиб бадтар аст, чунки мақомот чунин имкониятҳои фишорро истифода мекунанд, ки намояндагони матбуот барои ҳимояи худ ҳатто дар хориҷа пуштибон намеёбанд"

Музаффар Сулаймонов, масъули умури Осиёи Марказӣ дар Кумитаи дифоъ аз журналистон, мақарраш дар Ню-Йорк низ ин ҳафта бо назардошти вазъи пешомада дар озодии матбуот дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ин гуна изҳори назар кард:

“Созмони мо аз рӯйдодҳое, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон дар пасманзари низоъи мусаллаҳонае, ки дар шарқи ин кишвар мегузарад, яъне аз он мавҷи интиқодҳову фишорҳо болои матбуоти озод амиқан ба хашм омадааст. Мо умедвор ҳастем, ки муроҷиати журналистон ба унвонии мушовири президенти Тоҷикистон вокуниши муайян ба бор оварда пеши роҳи ҳамлаҳо ба расонаҳоро хоҳад гирифт. Ҳукумат бояд дарк кунад, ки расонаҳои мустақил дар тарафи онҳо истодаанд, журналист ҳақ дорад, ки савол диҳад ва ҳукуматро барои амалкардаш танқид кунад”.

Талош барои бақо

Дар дохили Тоҷикистон низ муассисони нашрияҳои мустақил ва созмонҳои дифоъ аз озодии матбуот вазъи пешомадаро хуб дарк мекунанд ва онҳо низ барои ҳимоят аз худ даст ба иқдом зананд. Онҳо рӯзи панҷшанбе, 21-ӯми октябр дар як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе аз ташкили "Кумитаи 29 сентябр" хабар доданд. Зафар Абдуллоев-раиси "Медиа-Алянс" ва муассиси хабаргузории "Авеста" дар бораи ҳадафҳои ин кумита чунин гуфт:

Зафар Абдулло,муассиси хабаргузории "Авеста"
"Кумитаи 29- сентябр" барои он ташкил шудааст, ки сатҳи пешини озодии матбуотро барқарор кунад, озодиҳоеро, ки чанд соли ахир ё як соли ахир вуҷуд дошт. Вале ин озодиҳо ба шиддат дар як моҳи ахир маҳдуд шуд. Ҳадафи мо ин аст, ки нашрияҳои мустақили Тоҷикистон дубора озодона чоп шаванд. Сафҳаҳои интернетии маҳаллӣ дубора боз шаванд ва монеа надошта бошанд. Парвандаҳои нотамоме, ки бар зидди баъзе нашрияҳои мустақил вуҷуд дорад, онҳо низ ҳали худро ёбанд".

Ба ин кумита кадом нашрияҳо ва созмонҳо даромадаанд? Нуриддин Қаршибоев яке дигар аз созмондиҳандагони "Кумитаи 29 сентябр" чунин мегӯяд:

"Ба ҳайати ин кумита нашрияҳое, ки имрӯз мушкилии чоп доранд, яъне раҳбарони нашрияҳои "Фараж", "Нигоҳ", "Пайкон", "Нури зиндагӣ", "Озодагон", "Азия-Плюс", созмонҳои рӯзноманигорӣ, аз қабили НАНСМИТ ва дафтари Ҳимояи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон шомил ҳастанд"

Дуня Миятович-намояндаи САҲА дар умури матбуот низ дар номаи худ ба вазири хориҷаи Тоҷикистон масъалаи нашрияҳои "Азия-Плюс", "Фараж", "Озодагон", "Пайкон" ва "Миллат"-ро матраҳ кард, ки бар зидди онҳо дар Тоҷикистон парванда боз шудааст. Эдуард Ауэр-раҳбари ҳайати намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон низ ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки мубориза бар зидди падидаҳои тундгароӣ дар Тоҷикистон набояд ба ҳуқуқи инсон ва озодии сухан асар гузорад.
XS
SM
MD
LG