Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хурӯҷи вабо дар шимоли Ҳаитӣ


Дар шимоли Ҳаитӣ бар асари хурӯҷи маризии вабо 135 нафар ба ҳалокат расиданд. Яку ним ҳазор тани дигар гирифтори вируси ин бемориянд. Ба иттилоъи хабаргузории France Presse, дар бемористонҳои манотиқе, ки вабо хурӯҷ кардааст, ягон кати холӣ боқӣ намондааст.
Дар шаҳри Порт-о-Пренсе, пойтахти Ҳаитӣ, ҳанӯз ягон ҳодисаи гирифторӣ ба ин маризӣ ошкор нашудааст ва аммо мақомот аз он ҳарос доранд, ки вабо дар қароргоҳҳои муваққатии осебдидагон аз заминларзаи мудҳиши соли равон хурӯҷ хоҳад кард. Ёдовар мешавем, бар асари заминларзае, ки моҳи январ дар Ҳаитӣ рӯх дод, тақрибан 230 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд ва якуним миллион нафари дигар бехонумон шудаанд.
XS
SM
MD
LG