Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Манфред Новак аз ИА барои кӯмак ба Юнон


Манфред Новак, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид, аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо (ИА) даъват кард, ки ба Юнон дар ҳалли мушкилоти муҳоҷират фаъолтар кӯмак кунанд. Ба гуфтаи ӯ, вуруди муҳоҷирон ба Юнон баъд аз он афзоиш ёфт, ки Испания, Италия ва Малта низоми марзиро ташдид бахшида, барои муҳоҷирон дар дохили кишварҳояшон қойидаҳои нав ҷорӣ намуданд.
Ба гуфтаи намояндаи СММ, 90 дар сад аз теъдоди умумии муҳоҷирони ғайриқонунии дар қаламрави ИА ошкоршударо полиси Юнон боздошт кардааст.
XS
SM
MD
LG