Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойфишории Гимпу барои хурӯҷи нерӯҳои Русия аз Приднестровие


Кафили раёсатҷумҳурии Молдова Михай Гимпу барои хурӯҷи нерӯҳои Русия аз ҷумҳурии Приднестровие пойфишорӣ мекунад. Дар 16-умин солгарди имзои созиш миёни Молдова ва Русия дар бораи мақом ва ҷадвали хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ аз кишвар ӯ гуфт, ки ҳузури низомии Русия талошҳои ҷомеъаи байнулмилалӣ барои ҳалли низоъ дар Приднестровиеро ноком месозад.
Михай Гимпу ҳамчунин ба Маскав ӯҳдадорияш дар бораи тайи се сол аз Молдова берун кардани нерӯҳои Русияро ёдрас кард.
XS
SM
MD
LG