Пайвандҳои дастрасӣ

Расмуссен: НАТО дар набард бо толибон муваффақ аст


Андерс Фог Расмуссен, Дабири кулли НАТО, изҳори итминон кард, ки тибқи нақша, то соли 2014 Паймон назорати таъмини амният дар Афғонистонро бар ӯҳдаи нерӯҳои маҳаллӣ мегузорад. Изҳороти Расмуссен дар ин бора дар ҷараёни сафари якрӯзааш ба Юнон пахш шуд. Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои НАТО дар Афғонистон то он замоне боқӣ хоҳанд монд, ки артиши афғон тавонмандӣ дар таъмини амнияти кишварро собит кунад.
Расмуссен ҳамчунин хабар дод, ки НАТО дар набард бо гурӯҳҳои ифротгаро ба пешрафт муваффақ шудааст ва ҷунбиши “Толибон” дар ҳама манотиқи кишвар ба шикаст мувоҷеҳ аст.
XS
SM
MD
LG