Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенати Фаронса ислоҳоти бознишастагиро баррасӣ мекунад


Сенати Фаронса тарҳи ислоҳоти нафақа ё бознишастагиро, ки боиси эътирозҳои густарда дар сартосари кишвар шудааст, баррасӣ мекунад. Интизор меравад, ки тасмим дар бораи аз 60 то 62-солагӣ боло бурдани синни бознишастагӣ то охири ҳафта гирифта хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол коршиканӣ дар корхонаҳои коркарди нафти Фаронса идома дорад. Дар кишвар мушкили дарёфти маводи сӯхт ба миён омдааст. Намояндаи Конфедератсияи умумии кор Жан Люк Ботелла изҳор намуд, "вақти он расидааст, ки ҳукумат сари мизи музокирот нишинад. Бар асари муҳосираи иқтисодӣ, ки баъди коршиканиҳо ба миён омадааст, тиҷорат ба мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ гардид. Бо вуҷуди ин, масъулияти вазъ бар дӯши ҳукумат аст".
Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, рӯзи панҷшанбе зимни мулоқот бо коргарон дар шаҳри Боневал гуфт, ки солҳои ахир мардум дарозумр шудаанд ва ҷавонон бошанд таҳсил карда назар ба солҳои пеш дертар ба кор шурӯъ мекунанд. Аз ин рӯ, афзуд ӯ, "мо ба ҷуз боло бурдани синни бознишастагӣ илоҷе надорем".
XS
SM
MD
LG