Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи марзбонони узбак ба чӯпонҳои қирғиз


Мақомоти марзбонии Қирғизистон мегӯянд, дар ҳафтаи равон дар ҳаводиси алоҳида дар марз бо Узбакистон як чӯпон захмӣ ва дуи дигар латукӯб шудаанд. Ба гуфтаи ин манобеъ, як чӯпони қирғиз рӯзи сешанбе дар марзи ноҳияи Сӯзак ҳадафи тирборони марзбонони узбак қарор гирифтааст. Чӯпон дар натиҷа ҷароҳат бардошта, рамаи иборат аз 472 сар гӯсфанди ӯро марзбонони узбак мусодира кардаанд.
Рӯзи чоршанбе дар як ҳодисаи ҳамсон дар марзи ноҳияи Нукен марзбонони узбак ду чӯпони қирғизро латукӯб карда, 30 гӯсфанди онҳоро гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG