Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷрои маросими мазҳабӣ дар калисои Тарсус


Раисиҷумҳури Олмон Кристиан Вулф имрӯз дар канори намояндагони ақалиятҳои масеҳии юнониҳову арманиҳо ва суриёиҳои сокини Туркия дар маросими мазҳабие дар як калисои қадима дар шаҳри Тарсуси Туркия ширкат варзид. Маросимро роҳибони олмонӣ иҷро карданд. Калисои Павели муқаддас дар қарни 19 бунёд шуда, феълан осорхона аст ва аз ин рӯ, барои иҷрои маросими мазҳабӣ дар ин калисо иҷозати мақомоти Туркия лозим мебошад. Кристиан Вулф, ки баъд аз адои маросим бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, аз мақомоти Туркия даъват кард, озодии мазҳабиро барои ақалияти масеҳиён, ки ҳудуди 100 000 нафаранд, замонат диҳад.
XS
SM
MD
LG